Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз доданд

№ 03.03.2025

 photo_2025-03-02_08-34-00Субҳи дуюми марти соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо дар баробари дигар сокинони мамлакат   бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

229 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилоти гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат намуданд. Илова бар ин, интихоботро 203 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос карданд.