Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
14-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Рустами Эмомалӣ то соли 2028 ба вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Хуршед Мирзо ноиби якум, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони Президенти Федератсияи футболи мамлакат интихоб шуданд.
Дар конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон низ интихоб шуд. Ба ҳайати нав ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовин, инчунин, Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷаҳон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев дохиланд.
Дар конгресс, ҳамчунин, гузориш дар бораи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи мамлакат дар соли 2023 баррасӣ ва тасдиқ гардида, аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026 таъин карда шуд.
Дар кори Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё низ иштирок доштанд.
Ш. Ҳусейнзода,
«Садои мардум»