Дуюми марти соли 2023 дар доираи сафар ба Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия - Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ барои фанҳои алоҳидаи ба номи Юрий Гагарин» дар шаҳри Душанбе ташриф овард.
Муассисаи таълимӣ дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 2,4 гектар барои 2448 хонанда дар ду баст сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистон ва Россия дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Россия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имконият ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».
«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонанда таълим мегирад. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — гуфтанд Сарвари давлат.
Мавриди зикр аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳад, омухта мешавад. Дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Россия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Россия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ — технологии «МИСиС» фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва филиалҳои донишгоҳҳои Россия шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил ба забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Россия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.