Сӣ соли баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

1992

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар толор 197 вакил ҳузур доштанд. Ҷаласаро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров ифтитоҳ кард.

***

18-уми ноябр баъд аз танаффуси якрӯза кори иҷлосия идома ёфт. Рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии 23 масъала тасдиқ гардид.

***

19-уми ноябр дар рӯзи сеюми иҷлосия бо тарафдории 186 намояндаи халқ ­Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

***

20-уми ноябр дар иҷлосия қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеъфои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев қабул шуд.

***

23-юми ноябр дар иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби ба ҷойҳои истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо» қабул гардид.

***

24-уми ноябр дар иҷлосия низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда, дар ин бора қонун қабул карданд.

***

26-уми ноябр иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»- ро қабул кард.

***

 2-юми декабр Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум анҷом ёфт. Дар ҷаласаи рӯзи охири иҷлосия М. Мирбобоев сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» тасдиқ гардид.

 ***

2-юми декабри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард.

1993

23-юми феврал Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

29-уми июл Фармони ­Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон «Дар бораи авф» ба имзо расид.

***

27-уми декабр бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалил Самадов Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

1994

2-юми сентябр 359 гурезаи тоҷик тавассути бандари Ҳайратон аз Давлати Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои истиқболи онҳо ба ноҳияи Шаҳритус рафтанд.

***

6-уми ноябр раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсия (Сарқонун) ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 1995

26-уми феврал интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ доир гардид.

***

6-уми апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум баргузор шуд.

***

6-уми сентябр 680 — солагии зодрӯзи алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардид.

***

9-уми октябр бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 50 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

1996

11-уми сентябр ҷашни 675- солагии мутафаккири бузург Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шуд.

1997

27-уми июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

***

18-уми июл дар шаҳри Душанбе анҷумани таъсисотии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикис­тон баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

***

8-уми сентябр бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ ба ду нафар фарзанди бошарафи халқи тоҷик — Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров унвони Қаҳрамони Тоҷикис­тон дода шуд.

1998

17 — 19-уми октябр дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ширкаткунандаи ИДМ (АБ ИДМ) ҷиҳати дар доираи ин созмони бонуфуз доир гардидани Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100 – солагии Давлати Сомониён қарор қабул карда шуд.

***

5-уми ноябр Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд.

***

13-уми ноябр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.Тибқи он ҳар сол 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.

1999

30-юми январ шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, ки он роҳи Ваҳдат ном гирифт.

***

20-уми май бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохтмони туннели «Анзоб» оғоз ёфт.

***

9-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1100 — солагии Давлати Сомониён ҷашн гирифта шуд.

***

6-уми ноябр дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аксари интихобкунандагон ба тарафдории ­Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

***

11-уми декабр бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

2000

27-уми феврал дар ҷумҳурӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даъвати нав баргузор гардид.

***

30-юми сентябр асъори нави миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба муомилот баромад.

2001

21-уми сентябр яке аз қисматҳои асосии шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб – ағбаи Қулма-шоҳроҳи Қароқурум ба истифода дода шуд.

2002

3-юми ноябр сохт­мони аввалин пули доимоамалкунандаи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом расида, маросими расмии ифтитоҳи он доир гардид.

2003

Соли 2003 бо иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Бо ҷонибдорӣ аз ин иқдом, 7 сент­ябри соли 2000 Маҷмааи умумии СММ қарори махсус қабул кард. Дар партави қарори СММ аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид.

***

23-юми декабр бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байнал­милалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон намуд.

2004

Аз 18-ум то 22-юми апрел ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов ба Федератсияи Россия сафари расмӣ дошт.

***

5-уми май дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқис­тон мулоқоти дуюми аъзои парламенти давлатҳои узви Ташкилоти «Ҳамкории Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев бо гурӯҳи вакилон иштирок карданд.

***

Рӯзҳои 12-14-уми май аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покис­тон доир гардид.

2005

14-уми сентябр дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 60-солагии ташкилёбии СММ суханронӣ карданд.

10-уми октябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии XXXIII ЮНЕСКО суханронӣ карданд.

2006

20-уми феврал бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар фазои тантанавӣ оғоз ёфт.

***

23-юми март нақби «Анзоб» кушода шуд.

***

20-уми октябр дар мавзеи Сангистони ноҳияи Данғара сохтмони нақби «Шар-Шар» оғоз ёфт.

2007

8-уми июн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул гардид.

***

20-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо назардошти принсипи башардӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо гузоштанд.

2008

10-уми январ агрегати нахус­тини Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба кор даромад.

***

3-4-уми сентябр дар бинои Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо ибтикори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Форуми осиёгии парламентарҳо оид ба нуфус ва рушд бори нахуст Конференсияи занон-парламентарҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Нақш ва саҳми занон-парламентарҳо дар рушди ҷомеа» баргузор гардид.

2009

6-уми март Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Рӯзи Модар» ба тасвиб расид. Тибқи ин фармон, минбаъд ҳар сол 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мешавад.

***

19-уми март сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа оғоз ва дар шаҳри Ваҳдат Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ба истифода дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар ин маросим иштирок ва суханронӣ карданд.

31-уми июли соли 2009  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмит­рий Медведев маросими ба истифодаи пурра супурдани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» доир гардид.

***

30-юми август  нақби «Шар — Шар» ба истифода дода шуд ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе — Ваҳдат — Данғара оғоз ёфт.

***

1-уми октябр дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул гардид.

2010

15-уми март сохтмони нақби мошингарди «Чормағзак» оғоз ёфт, ки дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

2011

15-уми июн дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд. Ин қонун 2-юми августи соли 2011 таҳти №762 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон ба имзо расид.

***

19-уми август вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф»- ро қабул карданд.

***

25-уми август ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри ХХI» тақдим карда шуд.

2012

10-уми март дар шаҳри Душанбе бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид ва дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

***

20-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, дар он чун анъанаи наврӯзӣ бо намояндагони сершумори аҳли зиё мулоқот намуданд.

27-уми октябри соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ нақби «Шаҳрис­тон» — ро ифтитоҳ намуданд.

***

12-уми декабр дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав қабул шуд.

 2013

Боғи миллии Тоҷикистон «Кӯҳҳои Помир» ба Феҳрис­ти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Ин қарор дар Иҷлосияи 37-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 16-ум то 27-уми июни соли 2013  дар шаҳри Пномпени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа баргузор шуд, қабул гардид.

***

20-уми август  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд. Дар кори он беш аз 900 меҳмони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруфи зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ иштирок дош­танд. Дар конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ  карданд.

***

20-уми август Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон медали «60-солагии ­ЮНЕСКО»-ро тақдим намуд.

***

6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда интихоб шуданд. Барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219  участкаи интихоботӣ ташкил карда шуданд. Аз шумораи умумии 4201156 (чор миллиону дусаду як ҳазору яксаду панҷоҳу шаш нафар) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардидаанд, 3640056  (се миллиону шашсаду чил ҳазору панҷоҳу шаш) нафар, яъне 86,6  фоизи интихобкунандагон  дар овоздиҳӣ иштирок карданд.

16-уми ноябри соли 2013  маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.

2014

10-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали Маркази нави барқу гармидиҳии «Душанбе-2» — ро, ки иқтидораш 50 мегаватт/соат неруи барқ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

24-уми сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусу иқдомҳои арзишманд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об  ҷоизаи махсуси «Ҷануб – Ҷануб» тақдим гардид.

***

29-уми октябр дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд.

2015

15-уми январ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҳамчун узви баробарҳуқуқи  Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) пазируфта шуд.

***

1-уми март интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва дар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот баргузор гардид. Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб гардиданд: 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 вакил аз ҳавзаи якмандатии интихобот.

***

17-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Рӯзҳои 9-11-уми июн дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) баргузор гардид.

15-уми сентябри соли 2015  дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти даста­ҷамъ­ии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз ёфт, ки он дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон ҷараён гирифт.

2016

Якуми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ се иншооти муҳими воситаҳои ахбори омма — муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш», «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикис­тон»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

Субҳи 12-уми май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ­Абдулло ­Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA — 1000 асос гузошта шуд.

***

22-юми май раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар овоздиҳӣ 4 миллиону 59 ҳазору 422 нафар шаҳрванд ва ё 92 фоиз иштирок карданд. Аз ин шумора 3 миллиону 834 ҳазору 862 нафар ва ё  94,5 фоиз ба тарафдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 134 ҳазору 877 нафар ва ё 3,3 фоиз ба муқобили он овоз доданд. Шумораи бюллетенҳое, ки беэътибор дониста шуданд, 89 ҳазору 683 адад ва ё 2,2 фоиз буд.

***

24-уми август Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат­ро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ, ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул кард.

24-уми август роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт.

Соати 6-и он рӯз нахустин қатора аз истгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.

***

1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

***

29-уми октябр дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.

***

8-уми декабр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

2017

19-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72 — юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 суханронӣ намуданд.

***

16-уми октябр дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид ва дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

19-уми ноябри соли 2017 дар Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

2018

20-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор оғоз кард.

***

28-уми сентябр дар Бӯстонсаройи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ширкат варзиданд.

***

5-уми сентябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт зимни маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Он дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» ­бунёд гардидааст.

***

16-уми ноябр агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми НБО «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

2019

14-15-уми июн дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо иштироки сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва ҳайатҳои расмии беш аз 27 кишвари аъзо дар сатҳи баланд баргузор гардид.

15-уми июни соли 2019 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир гардид.

***

9-уми сентябр дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» баргузор гардид.

2020

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) бармеояд, чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуд.

2021

1-уми январ аз нашри аввалин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид.

***

29 — 30-уми март дар шаҳри Душанбе нуҳумин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони «Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд»  баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

***

3-юми март, зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод карданд, ки соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад.

***

1-уми июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҷаласаи Шӯрои АП СААД доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

***

16-уми сентябр дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии  Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кор оғоз кард.

Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқист­он Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд. Иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

***

8-уми сентябри соли 2021 дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

2022

23-юми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

***

7-уми июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 иштирок ва суханронӣ карданд.

***

23-юми июл, соати 12.00 дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе сокини даҳмиллионуми Тоҷикистон ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузоштанд. Волидони навзод Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буда, падар муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс аввалин фарзанди оилаи ҷавон мебошад.

***

4-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Таҳияи

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»