Саҳми иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар рушди минтақа

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_0862Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тайи солҳо диққати сайёҳонро на танҳо захираҳои тиллою нуқра ва сангҳои қиматбаҳо, балки обҳои шаффофу шифобахши Тоҷикис­тон ҷалб мекард.

Саҳми Тоҷикистон дар ташаккули манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ хеле бузург аст. Аз 115,6 километри кубии оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90 дарсади он дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд. Дар ҷумҳурии мо зиёда аз 947 дарё (бо дарозии зиёда аз 10 км ) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дарозиашон якҷоя 28500 километрро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба ҳиссаи дарёҳо 64 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 44 км3 (аз ин миқдор 20 км3 онро оби тозаи нӯшокӣ ташкил медиҳад) ва бештар аз 6 км3 оби тоза ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ рост меояд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқи обӣ мебошад, ки дар як сол 527 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад. Соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дурнамои хуби рушд дошта, он соле 317 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло танҳо 4-5 дарсади он истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқи обӣ дар дунё Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Федератсияи Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз се баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани захираҳо минтақаро метавон бо энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

Иқтидори системаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ 93,9 дарсади иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 мгвт, яъне 6.1 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби истгоҳҳои барқи обӣ мебошад, 21,5 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 1,6 млн. гектар замини обёришаванда мавҷуд аст. Дар сурати ба ҳисоб гирифтани заминҳои минтақаи кӯҳдоман ин нишондиҳанда дучанд зиёд мешавад. Бо дарназардошти афзоиши суръатноки аҳолӣ дар оянда зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, таклифи кормандони Институти тадқиқотии НИИГИМ-и назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қобили қабул буда, ҳаҷми муқаррар шудани об аз 12 км3, солҳои оянда то ба 20-22 км3 пешбинӣ карда шудааст.

Ҳангоми ҳаллу фасли тақсимоти оби байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бояд зарари табиӣ ва хароҷоти дохилии ҷумҳуриҳои кӯҳсор, хусусан Тоҷикистон, ба назар гирифта шавад.

Истифодаи об аз рӯи меъёри байналмилалӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон ба ҳисоби муайян нарх монда мешавад. Масалан, моҳи августи соли 1993 байни Туркия ва Булғория оид ба хариду истифодаи об барои обёрӣ шартнома ба имзо расид. Мувофиқи он барои ҳар як м3 оби Туркия Булғория 0,12 доллар медиҳад. Аз тарафи дигар, боз Туркия ба миқдори муайян оби худро ба давлати Исроил мефурӯшад. ИМА барои ҳар як метри мукааб истифодаи оби дарёи Колумбия ба давлати Канада 5 сенти америкоӣ медиҳад. Вақти он расидааст, ки дар асосии таҳлили ҳаматарафаи илмӣ манфиати ҷумҳуриро оид ба истифодаи захираҳои обӣ ба назар гирифта, даромади он ҳисобу китоб шавад. Дохил шудани давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муносибати бозаргонӣ аз он ишорат мекунад, ки манфиатҳои тарафайн дар ин бобат мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта шавад.

Қисми аврупоии Туркия ҳангоми хушксолӣ аз кишвари Булғористон барои парвариши зироатҳо 16 – 20 километр мукааб об мегирад. Дар сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва созмону ширкатҳои машҳури энергетикии олам мавқеи калонро ишғол менамояд. Бо ифодаи дигар, кӯшишҳои зиёде ба он равона мегардад, ки захираи фаровони аз ҷиҳати экологӣ безарари обӣ -­ энергетикии Тоҷикистон ба манфиати инсоният мавриди истифода қарор гирад. Ин кӯшишҳо, ки хеле оқилона асоснок карда мешаванд, натиҷа ба бор меоранд.

Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Стратегияи нави манбаъҳои энергетика истифодаи обро ба таври дақиқ таҳия намуда, мо бояд барои рушди устувори ояндаи мамлакат ва минтақа тамоми тадбирҳоро андешем. Муҳим аст, ки дурнаморо муайян карда, набояд дар ҳалли ягон проблемаи глобалии имрӯза ва оянда ба тундравӣ ва ё кундравӣ майл намоем».

Қобили зикр аст, ки ҷумҳурии мо нисбат ба баҳри Арал дар ҳама чорабинии ҳифзи экологии минтақа фаъолона иштирок мекунад. Вале қисмати асосии баҳри Арал ва оқибатҳои он аз ҳиссаҳои ғайриоқилона истифода бурдани об бештар дар давлатҳои поёноб ба амал омадааст. Масалан, танҳо 20 дарсади дарёи Ому дар кишвари мо сарф шуда, 80 фоизи он берун аз Тоҷикистон истифода мешавад. Дар баъзе аз солҳо ҳатто ягон қатра об ба Арал намерасидааст. Ҳол он ки баъди обёрӣ ва партофтани обҳои коллекторӣ — дренажӣ дар давлатҳои поёноб кӯлҳои сунъӣ пайдо шудаанд. Сарфи об дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин роҳи наҷоти баҳри Арал мебошад.

Захираҳои оби Осиёи Миёна нисбатан хеле кам аст. Вале талабот ба он босуръат меафзояд. Демографҳо пешгӯӣ кардаанд, ки аҳолии Осиёи Миёна ду баробар зиёд мешавад, яъне масоҳати майдони обёрӣ нисбат ба ҳозира бояд ду баробар афзояд. Пешрафт ва тараққиёти саноат чӣ? Дар баробари муайян намудани низоми об, бояд диққати асосӣ ба масъа­лаи тоза нигоҳ доштани он аз партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ дода шавад. Зеро ин масъалаи басо ташвишовар аст. Тайи 10 соли охир истифодаи обҳои зеризаминӣ дар ҳавзаи дарёҳои Сир ва Кофарниҳон аз ҳисоби обҳои партовҳо хеле паст гардидааст. Манбаъҳои кушодаи об бар асари ба онҳо ҳамроҳ шудани партовҳои саноатию хоҷагиҳои коммуналӣ олуда гардида, сабаби авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳо мегардад. Олудашавии захираҳои об омили ташвишовар буда, ҳалли таъҷилиро талаб мекунад. Зиёда аз 95 дарсади обҳои ифлос бевосита ба каналҳои кушода ва ҷӯйҳо мерезад. Бино ба гуфти мутахассисон, ,дар дарёҳои Тоҷикистон назар ба дарёҳои кишварҳои пешрафтаи саноатӣ бактерияи партовҳои маишӣ 40 — 45 маротиба зиёдтаранд. Олудашавии умумии захираҳои об зиёда аз 6 м3 ба 1 нафар дар ҷумҳурӣ рост меояд. Айни замон зиёда аз 40 дарсади аҳолӣ аз манбаъҳои кушодаи об истифода мебаранд.

Дар кадом сатҳ вуҷуд доштани таъминоти об ба ташкили шароити мусоиди экологӣ ва ҳаёти мардум вобастагии зич дорад. Ҳоло дар деҳот 72 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Вале таъминоти оби нӯшокӣ ба хатҳои обгузаронӣ қариб 60 фоизро ташкил менамояду халос.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ намудани ифлосшавии обҳои ҷӯю дарёҳои ҷумҳурӣ, хусусан обҳои минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ба таври хеле васеъ ҷорӣ намудани ҳама навъи иншооти обтозакунӣ (биологӣ, механикӣ ва ғайраҳо) ва дар корхонаҳое, ки оби ниҳоят зиёд истифода мебаранд, таъмин намудани усули гардиши сарбастаи обҳои технологӣ мебошад. Минбаъд хуб мешуд, ки ҳангоми таҳияи лои­ҳаҳои иншооти обтозакунӣ идораҳои дахлдор шароиту вазъияти ҷумҳуриро пурра ба назар гиранд.

Дар ҷумҳурӣ миқёси истифодаи об сол то сол васеъ шуда истодааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба азхудкунии заминҳои нав ба талаботи зиёд ба обёрии сунъӣ вобаста аст. Бинобар ин, хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бояд барои оқилонаю сарфакорона истифода бурдани об ҷидду ҷаҳд намоянд. Яке аз сабабҳои дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд будани исрофкорию муносибати бепарвоёна ба табиат ва обҳои он, пеш аз ҳама, суст будани тарғиби муҳофизати табиату маърифати экологӣ вобаста аст. Агар тарбияи экологӣ дар байни мактаббачагон ва аҳолӣ пурзӯр гардад, дар он сурат чунин ҳодисаҳо такрор нахоҳанд шуд. Обҳои ифлос ва корношоями аксар иншооти обтозакунӣ боис ба паҳн гардидани касалиҳои сирояткунанда дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ мегардад. Бемории домана асосан дар натиҷаи истифодаи оби ифлос ба миён меояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки пешрафти соҳаи энергетика барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ омили ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Дар ҷаҳони муосир бо истифода аз неругоҳҳои барқи обӣ (НБО), ҳастаӣ (АЭС), марказҳои барқӣ – гармӣ (ТЭС) миқдори зиёди неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Алҳол қисми зиёди ин энергия аз ҳисоби сӯзишвориҳои органикӣ (гази табиӣ, маҳсулоти нефтӣ, ангишт ва торф) ҳосил мегардад.

Тӯли 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбат ба бор оварданд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670МВт), «Сангтӯда-2» (220МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1320 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак», хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ду хати интиқоли барқи 500 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и «Норак» ва НБО-и «Қайроққум» ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд — Айнӣ», «Қайроққум — Ашт», «Геран — Румӣ», «Қайроқум — Суғд» ва «Айнӣ — Рӯдакӣ» ба шумор мераванд.

Ғ. АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон