Хушбахтона, Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдор дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ, Конститутсияи Тоҷикистон яке аз мукаммалтарин конститутсияҳои ҷаҳони муосир буда, дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад. Он ҳама меъёри муосири сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад.
Ба даст овардани Конститутсияи мукаммалу устувор ва барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихори миллат ва давлати мо роҳи басо душвор ва печидаро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои миллат, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон меистод. Шахсе, ки бо ҷонбозиҳояш халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, аркони давлатдорӣ ва давлати соҳибистиқлол намуд.
Корномаи сиёсии Пешвои миллат бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро ӯ аввалин қадамро ба водии сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ» гузошт. Ба ибораи дигар, қонунгароӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии ӯро ташкил дода, батадриҷ ба мазмуни фаъолият ва мактаби сиёсии ӯ табдил ёфтанд. Ин аст, ки дар таърихи давлатдории навини мо номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои усулие чун волоияти қонун, ҳукумати қонунӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ пайванди амиқ доранд.
Таъкидҳои ӯ бар волоияти қонун ва иҷрои қатъии меъёрҳои конститутсионӣ бесабаб набуд, зеро Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба роҳбарии давлат расид, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба санади бетаъсир, балки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд.
Танҳо соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буданд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини устувории раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Роҳбари давлат ин масъаларо чунин ба миён гузошта буданд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад».
Талош ва ташаббуси Пешвои миллат барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъдаи ӯ барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ корномаи бузург аст, ки барои дарки дурусти он ба чор самти асосии фаъолияти Пешвои миллат таваҷҷуҳ кардан хеле муҳим аст:
Самти якум, саҳми Пешвои миллат дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Аввалин нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки Пешвои миллат раванди таҳия ва қабули Конститутсияро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ гузоштанд. Чунки мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон соли 1978 Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳуқуқи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияро доро буд, лек баръакси ин, Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили таҳия ва муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ таъкид варзиданд. Барои ҳар чӣ шаффоф ва демократӣ идома ёфтани ин раванд, бо дастури Сарвари давлат ҳамзамон се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфт, ки амали бесобиқа буд. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан он равандро зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуданд, ки дар Конститутсияи навин бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли ҳар як қишри ҷомеаи мо ба назар гирифта шавад. Қобили зикр аст, ки дар он раванди таърихӣ аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод расида буданд, ки худи ҳамин миқдори бузурги таклифу пешниҳод ифодагари иштироки фаъоли оммаи халқ дар он раванди сарнавиштсоз мебошад. Пешвои миллат он лаҳзаҳои таърихиро дар суханрониҳояшон чунин ёдоварӣ намудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо назардошти андешаву пешниҳоди сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».
Хусусияти дигари муносибати ӯ бо раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон дар он буд, ки гурӯҳҳои корӣ бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти конститутсионализмро ҳамаҷониба омӯхта, дар фаъолияти кориашон дастовардҳои олитарини башарӣ дар ин самтро фаро мегирифтанд. Пешвои миллат масъаларо чунин гузоштанд, ки хусусан, дар боби сохтори давлатӣ, фаъолияти шохаҳои ҳокимият, ташаккули институтҳои асосии давлатдорӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ҳамрадифи конститутсияҳои давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон бошад. Илова бар ин, беҳтарин мутахассисони сатҳи байналмилалӣ низ ба кори арзёбӣ ва экспертизаи ин санад ҷалб карда шуданд.
Самти дуюм, саҳми Пешвои миллат дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи матни Конститутсия дар ёддоштҳояшон хотирнишон кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия низ саҳми таърихӣ доштанд. Ҳарчанд бисёре аз аъзои гурӯҳ ходимони собиқадори давлатӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ буданд, аммо зимни нишастҳои корӣ Эмомалӣ Раҳмон идеяҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва механизмҳоеро пешниҳод мекарданд, ки бо дурандешона ва амалгароёна буданашон фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад, бевосита аз тарафи Сарвари давлат ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихоб гардиданашон ба ҳайси роҳбари Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон боқатъият эълон карданд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошанд. Маҳз ҳамин идеяи Эмомалӣ Раҳмон аввалин хишти Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он батадриҷ такмил ёфта, ба меъёри муайянкунандаи модели давлатдории миллии муосири тоҷикон табдил ёфт. Ҳоло бо гузашти замон, бо андозагирӣ дар маҳаки таҷриба дармеёбем, ки интихоби ин меъёрҳо ва ин модели давлатӣ то чӣ андоза интихоби дуруст, муҳим ва барои миллат ва давлат сарнавиштсоз будааст.
Аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи он таъкид ва пофишорӣ намуданд, дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд.
Самти сеюм, саҳми Пешвои миллат дар анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии миллӣ.
Моҳияти ин самт дар он зоҳир мегардад, ки пас аз қабули Конститутсияи навини Тоҷикистон бояд тамоми қонунгузории мамлакат пурра ба меъёрҳои он мутобиқ карда, қабули маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — ҳамчун омили ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ анҷом дода мешуд. Ин вазифаи моҳиятан мушкил ва кори ҳаҷман бузурге буд, ки дар таърихи давлатҳои классикии мутамаддин маъмулан чанд даҳсола ва ҳатто садсоларо дар бар мегирад. Аммо хурсандиовар аст, ки ба парламент ва Ҳукумати мамлакат муяссар шудааст, ки дар фурсати кӯтоҳ низоми ҳуқуқии кишварро ташаккул диҳанд.
Ҳамин тавр, зери роҳбарии Пешвои миллат дар заминаи Конститутсияи навини Тоҷикистон ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт. Қайд кардан бамаврид аст, ки алҳол ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи мамлакат, 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, 16 қонуни авф, 2 қонуни авфи амвол ва 2 қонуни авфи шаҳрвандон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, 30 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия, 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ, 369 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои Ҳукумат қомат афрохтааст. Дар ин миён 3 кодекс ва зиёда аз 110 санади қонунгузорӣ вазифаҳои даврии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шуданд.
Бинобар он ки ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда имзои Роҳбари давлат гузошта мешавад, аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ӯ ба таври табиӣ тарҳрезандаи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо таҷрибаи ин давра нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ камтар набуда, бо ташаббус, пешниҳод, эрод ва идеяҳои сершуморашон дар раванди такмили қонунгузорӣ саҳми бевосита гузоштанд, ки ин ҳама барои ҳимояи манфиатҳои мардум равона гардидааст.
Чунончи, танҳо дар давраи солҳои 2015-2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, аз ҷумла Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 июли соли 2016, № 1329), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18 марти соли 2022, № 1852) ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм (бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2022 дар хониши якум қабул гардид), тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ — 6, тағйиру иловаҳо ба кодексҳо — 5, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ — 9, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — 2, созишномаҳо — 243, конвенсияҳо — 8, ёддоштҳо — 3, шартномаҳо — 12, қарордод — 2, протокол — 23 адад пешниҳод шудаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ равона гардидаанд.
Ҳамин тавр, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди бисёр муҳим ва мураккаби таърихӣ, яъне ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва миллишавии низоми ҳуқуқии кишвар пурра анҷом ёфт. Бо ин хидмати бузурги таърихӣ Пешвои миллат ба давлатдории миллии мо моҳият ва ҳастии ҳуқуқӣ бахшида, шакли ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари аз назари ҳуқуқӣ мустақил ба вуҷуд оварданд.
Самти чорум, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Моҳияти ин самти фаъолияти Пешвои миллат дар он аст, ки ӯ дар таърихи давлатдории миллии мо на танҳо ҳамчун ташаббускори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ҳамчун татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ шинохта мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳарчанд қабули чунин Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар будааст. Дар ин кор рӯ ба рӯи Пешвои миллат чанд мушкили ҷиддӣ меистод. Аввалан, солҳои аввали татбиқи Конститутсия дар шароити мураккаби сиёсию низомӣ идома ёфта, дар кишвар низои дохилӣ давом дошт. Дар чунин шароит раванди татбиқи амалии сохтори давлати миллии тоҷикон бояд ҳамзамон бо анҷоми музокироти бисёр печида барои дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ идома меёфт. Аз тарафи дигар, элитаи сиёсӣ ва идории кишвар, ки асосан дар шароити ҷомеаи шӯравӣ ташаккул ёфта буд, дар татбиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ таҷрибаи амалӣ надошт. Бинобар ин, баъзан ташаббусҳои пешқадами Пешвои миллат дар дохили худи элитаи сиёсӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуд. Душвории дигар дар он буд, ки кишварҳои дигар барои татбиқи амалии ин арзишҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ даҳсолаҳо ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон бояд ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ мегузашт. Ҳамин тавр, дар чунин шароити печида татбиқи меъёрҳои нави конститутсионӣ дар як ҷомеаи пасошӯравӣ аз Роҳбари давлат заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллати мо аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ ба хубӣ баромаданд.
Имрӯз мафҳумҳое чун волоияти қонун, давлати демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парламенти касбӣ, судҳои мустақил ва даҳҳо мафҳуми дигар, ки башарият онро дар тӯли асрҳо бо мубориза ба даст овардааст, барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ гардидаанд. Пас, метавон хулоса кард, ки аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ, мамлакати мо зери роҳбарии Пешвои миллат ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом додааст.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи мавзӯъ нишон медиҳад, ки саҳми Пешвои миллат дар ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, аз ҷумла ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар, татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беандоза бузург буда, гувоҳи онанд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор, бунёдгузор, ҳомии қавӣ ва татбиқкунандаи амалии нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун омили асосии ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ мебошанд.
РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент