Ёди некон

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо

№29 (4291) 04.03.2021

Неъматов АйнуллоОдамон, сарнавиштҳо, оғозҳо, анҷомҳо… Дар ин дунё ҳама чиз ба сӯи камолу ҷамоли хеш ҳаракат мекунад. Хати сайри ҳар инсоне низ ба сӯи камол аст. Вазнинтарин кор барои ҳар фард бардоштани бори рисолатест, ки бар дӯш дорад. Саҳми ҳар кас дар зиндагӣ ба андозаи ҳиммати ӯст. Яке умрро сарфи корҳои хурду реза, дигаре сарфи корҳои чашмгиру назаррастар ва савумӣ сарфи корҳои бузургу мондагор мекунад. Қаҳрамони мақолаи мо Айнулло Неъматов аз зумраи касонест, ки зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф кардааст.

Ӯ дили оташин дошт. Муҳаб­бат ба халқу Ватан дар мағз андар мағзи ҷонаш шуъла мезад. Вай роҳи ягонаи расидан ба ормонашро дар хидмат кардан ба миллат медонист. Айнулло зина ба зина ба сӯи орзуҳояш қадам мебардошт. Баъди хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1973 ба хизмати аскарӣ рафт. Вай ҷисму равонашро дар мактаби мардонагӣ обутоб дод. Аз ин мактаб гузаштан барояш ифтихор буд. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки мард бояд мисли пӯлоди дар кӯраи оташ пухта пурқуввату матинирода бошад.

Айнулло Неъматов корро аз иқтисодчии Раёсати кишоварзӣ оғоз намуд. Дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд низ таҳсил кард. Муовини мудири шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб буд. Ба ҳайси котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ленинград (Муъминобод) ифои вазифа намуд. Муддате дар вазифаи муовини раиси Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб кор кард. Солҳои пурошӯби 1991 – 1993 котиби комиҷроияи Шӯрои вилоятӣ шуд. Ӯ ба сӯи камолот зина ба зина ҳаракат менамуд. Дар кадом вазифае, ки буд, кордонӣ, масъулиятшиносӣ нишон медод. Бародари Айнулло Кароматулло Неъматов дар дафтари ёддоштҳо он рӯзгоронро ба ёд оварда, дар бораи додараш менависад: «Масъулиятшиносии баланд дар адои вазифа ва сари вақт анҷом додани супоришҳои роҳбарият, серталабӣ, пеш аз ҳама, нисбат ба худ, ҷустуҷӯи пайваста барои беҳтар намудани сифати корҳои ба уҳдадошта ва амсоли инҳо мақоми ӯро миёни ҳамкорон боло бардоштанд».

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта даврони вазнине барои мардуми Тоҷикистон оғоз гашт. Боварҳо, ҳизбу ҳаракатҳо майл ба сӯи ҷудоӣ карданд. Оташи ҷанг аланга гирифт. Мавҷудияти миллати тоҷик дар зери хатар монд. Ана, дар ҳамон даврони ҳассос фарзанди бузурги халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон муддате зимоми Комитети иҷроияи шӯрои вилояти Кӯлобро ба даст гирифт. Ба Айнулло Неъматов муяссар гашт, ки дар зери роҳбарии ин шахсияти барҷаста фаъолият намояд.

Вазъияти кишвар рӯз ба рӯз буҳронитар мегардид. Хавфи парокандагиву нобудӣ ба миён омад. Ҳатто баъзе аз соҳибони вазифаҳои баланди давлатӣ рӯ ба фирор оварданд, тамошобин шуданд. Дар чунин вазъияти душвор Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардид. Дар атрофи Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳузури мардони сарсупурда, ватанхоҳ, миллатдӯст, кордону хайрхоҳ зарур буд. Бо пешниҳоди Роҳбари кишвар Айнулло Неъматов, ки он вақт масъулияти муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлобро бар дӯш дошт, ба Душанбе омад. Ӯро аввал мудири шуъбаи корҳои Шӯрои Олӣ ва сипас дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси Олӣ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Айнулло Неъматов шабу рӯз кор мекард, ба хонааш хеле дер меомад ва ё шабҳоро дар ҳуҷраи корӣ рӯз менамуд. Дар ин бора Кароматулло Неъматов чунин менависад: «Гила мекардам, ки ба фарзандону хонаву дараш аҳамият намедиҳад. Посухаш чунин буд:

- Акаҷон, ман бо даъвати Сарвари давлат ба ин ҷо омадаам. Сазовори боварии ин марди наҷиб гардидан, ки ҳаёту мамоташро барои саодати Тоҷикистону ҳар як тоҷикистонӣ бахшидааст ва дар соати мушкил дар паҳлуи ӯ будан барои ҳар фарди ватандӯст шараф аст».

Айнулло Неъматов чун фарди бедору ватанхоҳ, боору номус ҳассосияти замонаи пурошӯбашро хуб ҳис мекард. Дар паҳлуи Сарвари давлат кор кардан ҳисси масъулиятшиносиашро бештар менамуд. Ӯ хуб мефаҳмид, ки бояд вазифаи бардӯшдоштаро ба хубӣ анҷом диҳад. Қатори дигар фарзандони ватанхоҳ дар паҳлуи Сарвари давлат истода, барои сулҳу субот, озодиву ободии кишвар мубориза барад. Вай рисолати милливу ватанхоҳиашро дар ҳамин медид.

Айнулло Неъматов бо рафтору гуфтор низ намунаи дигарон буд. Мекӯшид дар ҳама ҳолат худро орому ботамкин нишон диҳад, ҳеҷ гоҳ банди эҳсос аз худ намерафт, боиси ранҷиши дигарон намегашт. Собиқ Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сафаралӣ Раҷабов дар ин бора менависад: «Аҷаб хислате дошт ӯ: ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, дар ҳама ҳолат худро хурсанд вонамуд мекарду бо табассуми дилкаш муроҷиат менамуд, бо табассум супориш мегирифту бо табассум ба тобеони худ супориш медод.

Хислати дигараш ин буд, ки ҷавобан ба ягон супориш ҳеҷ гоҳ калимаҳои «имкон надорад», «маблағ нест», «вақт намерасад» ва амсоли инҳоро ба забон намеовард».

Онҳое, ки Ватану миллаташонро дӯст медоранд, ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузоранд, воқеан ҳам, соҳиби дили бузург ҳастанд. Аз худ гузаштан, манфиати давлату миллатро боло гузоштан, ба хотири ормонҳои инсонӣ кору зиндагӣ кардан аз оини ҷавонмардист. Ана, ҳамин гуна ҷавонмард ва шахси сарсупурдаи Ватану миллат буд Айнулло Неъматов.

Чӣ гуна кор кардан, то чӣ андоза масъулиятшинос будани Айнулло Неъматовро ба ёд оварда, шодравон Султон Мирзошоев дар дафтари хотироташ  чунин қайд кардааст: «Муносибати мо бо Айнулло Неъматов бародарона буду ҳамкориамон дар роҳи амалӣ намудани сиёсати пухтаю оқилонаи Сарвари давлат равона карда мешуд. Дар арафаи интихоботи президентии соли 1994 ба наздаш омада, маркази Ситоди интихоботиро омода сохтем. Насби телефонҳо ва ҷиҳозонидани марказро бо дигар лавозимоти корӣ А. Неъматов зуд ба иҷро расонид.

Талбак Назаровро Сардори давлат роҳбари Ситоди интихоботӣ таъин намуд ва он касро ба ҷои кораш оварда шинос кардем. А. Неъматов баҳри таъмини кори муназзаму бенуқсони ситод ҳамаи шароити заруриро муҳайё намуд».

Аз ин ёддошти Султон Мирзошоев маълум мегардад, ки Айнулло Неъматов монда нашуда заҳмат мекашид, чӣ гуфтану чӣ кор карданро медонист. Аз ҷониби дигар гавҳаршиносии Сарвари давлат дар интихоби кадрҳо намоён мегардад. Яъне, А. Неъматов ҳамон ҷавонмарди кордону ҳақшиносе буд, ки Сарвари давлат ӯро барои корҳои азимтаре ҳидоят сохт.

«Мегӯянд, ки сарварӣ ҳам санъат аст», — менависад раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва меафзояд: — Ин ҳунару санъатро ба дараҷаи зарурӣ ва ба таври хеле зубдаю шоиста шодравон Айнулло Неъматов ба ҷо меовард. Дар давоми 5-6 соле, ки мо шинос будем ва бо тақозои корамон бо ҳам машварати корӣ анҷом медодем, боре ҳам надидам ва нашунидам, ки Айнулло Неъматов нисбати касе сухани сахт гуфта бошад, кормандеро ранҷонда бошад. Ё ки беҳуда маломат кардаю худаш асабонӣ шуда бошад. Чунин бархӯрдҳои номутаносибро низ аз дигарон нисбати ӯ нашунидаам».

Аз ёддоштҳое, ки дар бораи Айнулло Неъматов навиштаанд, шахсияти ӯ хеле барҷаста намоён мегардад: кордон, масъулияшинос, ҳақпараст, соҳиби маърифати баланд, меҳрубон, ғамхор, сарсупурда ва бо як калима Инсон.

Ин марди шариф дар оила низ муносибати намунавӣ дошт. Вай ҳамсар ва падари мушфиқ буд. Ҳар гоҳ вориди хонааш мешуд, ҳамроҳ як ҷаҳон шодӣ меовард. Духтаракони дӯстрӯяш аз дидани ӯ гул-гул мешукуфтанд, даври лабони ҳамсари меҳрубонаш табассум гул мекард. Аммо кори зиёд, масъулияти фаровон намегузошт, ки ба хонааш барвақт омада, аз дидору суҳбати ҷигарбандонаш сер шавад.

Он солҳо вазъият нотинҷ буду дар кӯчаҳои Душанбе сайр кардан хатарнок. Ҷигарбандони Айнулло Неъматов мисли чӯҷаҳои қафасӣ дар хона менишастанд. Сайёра духтари калонии ӯ он солҳоро ба ёд оварда менависад: «Азбаски гаштугузор дар кӯчаҳои пойтахт хатарзо буд, падарам ба хотири дар дохили чаҳор девори хона дилгиру дилтанг нашуданамон гоҳо рӯзҳои истироҳат моро ба ҷои корашон мебурданд. Мо дар саҳни ҳавлии васеи Шӯрои Олӣ то сер шуданамон давутоз, шӯхию бозӣ мекардем. Шавқу шӯр ва шодию сурури моро дида, падарамон ҳам ҳаловат мебурданд. Имрӯз ҳам мо, хоҳарон, ҳар гоҳ ки аз назди бинои Маҷлиси Олӣ гузарем, диламон ба хотири он рӯзҳои фаромӯшнашуданӣ гум мезанад ва қадамгоҳу коргоҳи падари бузургворамон барои мо даргоҳи муқаддас маҳсуб мешавад».

Чунин буд зиндагии мардони мубориз ва ҷоннисори Ватан дар он рӯзгорон. Айнулло Неъматову ҳамсафонаш як орзу доштанд: ободии Ватан, осоиши мардум. Аммо барои амалӣ шудани ин орзуи онҳо роҳи мушкиле дар пеш буд. Роҳи хатарзо, пур аз фитнаву найранг. Дониш, хирад, матонат, устуворӣ, бовар ба фардои дурахшони миллат роҳбари роҳи онон буд. Душманон ҳам дар камин нишаста буданд. Онҳо ободиву озодии Ватанро намехостанд. Дар хилват нақшаи марги фарзандони фарзонаи миллатро мекашиданд. Дар рӯйхати онҳо номи Айнулло Неъматов ҳам буд.

Ӯро бадхоҳони миллат ба шаҳодат расониданд. Дили гарми муҳаб­баташ аз тапидан бозмонд, вале кору пайкори некаш дар дафтари таърихи миллат сабт гашт.

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

ВОРИС,

 «Садои мардум»