Ҷашни Сада, ки дар кишвар 30 январ таҷлил мегардад, аз наздик омадани баҳор ва мавсими киштукор мужда мерасонад. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, дар ин айём сармо ба авҷи баланд расида, ҳаво тадриҷан рӯ ба гармӣ меорад. Барои эҳсоси гармӣ оташ меафрӯзанд ва гирди он хурсандӣ менамоянд.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Сада ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Дар осори гаронбаҳои мутафаккирони форсу тоҷик перомуни ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, маълумоти зиёд мавҷуд аст. Абулқосим Фирдавсӣ оғози онро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҳоло ба шарофати истиқлолияти кишвар ва иқдому супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгон эҳё гашта, бо шукӯҳу шаҳомат барпо мешаванд. Зарурати ин иқдомотро Сарвари давлат зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин баён карданд: «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Зимнан, парламенти ҷумҳурӣ моҳи октябри соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн, пеш аз ҳама, иди кишоварзону боғпарварон аст ва акнун онҳо аз ҳар рӯзу соати мусоид истифода бурда, то фарорасии мавсими киштукор ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро яхоб мемонанд, техникаи кишоварзиро ба баҳор омода месозанд. Ин корҳо бо нияти фаровонҳосилӣ ва афзун гаштани неъматҳои моддӣ анҷом дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши кишоварзон дар ҷумҳурӣ солҳои охир боғу токзор зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулот рӯ ба афзоиш дорад.
21 декабри соли 2021 дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат солҳои соҳибистиқлолӣ, баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои гуногуни соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд. Хусусан, таъкид шуд, ки барои рушди соҳа аз ҳама манбаи маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ, равона шудаст. Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар шуда, дар натиҷа, бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Қайд гардид, ки дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991 — ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас соли 2021 ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.
«Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд», — зикр карданд Пешвои миллат дар Паёмашон.
Барои амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҳбарону мутахассисони сохторҳои соҳаи аграрӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешанд. Ҷамъбасти натиҷаҳои соли гузашта аз он дарак медиҳад, ки кормандони соҳаи аграрӣ баҳри таъмини нақшаҳои таҳияшуда, хусусан, татбиқи амалии ҳадафи стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқавории кишвар комёбиҳоро дар ин давра афзун намудаанд.
Тибқи маълумоти расида, соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 39,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла маҳсулоти рустанипарварӣ ба 28,7 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти чорводорӣ ба 11 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд мутаносибан 105,9 ва 108,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 23 фоизро дар бар мегирад.
Инчунин, то 1 январи соли 2022 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1586,5 ҳазор тонна, пахта — 388,8, картошка — 1041, сабзавот — 2597,5, полезӣ — 818,8, мевагиҳо — 444,4, ангур — 267,5, гӯшт — 327,8 (аз ҷумла гӯшти паранда 44 ҳазор тонна), шир — 1042,6, пашм — 8,1, пилла — 451, асал 4,4 ҳазор тонна ва истеҳсоли моҳӣ ба 4389 тонна баробар гардид.
Бешубҳа, ин нишондиҳандаҳо натиҷаи тадбирҳои саривақтии фаровонҳосилӣ ва заҳмати пурмаҳсули кишоварзон, боғу токпарварон, чорводорон ва кормандони соҳа мебошад. Онҳо бо таҷлили Сада барои афзун гардонидани комёбиҳо ва пешбурди бомуваффақонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ омодагиро ба киштукор дар мавсими нав оғоз менамоянд.
Холбойзода Неъматулло Холбой,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон