Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат санаҳои таърихиву мондагор сабтанд, ки арзиши онҳо ба ҳазорсолаҳо баробар аст. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки 30 сол муқаддам рух дод, аз ҷумлаи санаҳои муборак ва фаромӯшнопазир дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Истиқлолият барои мо нишонаи давлату давлатдорӣ буда, симои миллат ва дар байни халқу миллатҳои дунё ҳуқуқи баробар доштанро ифода мекунад. Ҳамчунин, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҷаҳониён моро чун миллати тамаддунофар шинохтанд.
Дар ҳақиқат, бо баракати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар ҳама самти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд. Хусусан, дар қатори даҳҳо дастоварду комёбии бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан — модари тоҷик дар ҷомеа ва арсаи сиёсат соҳиби мақому манзалат гардид.
Тайи солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ вақте 25000 зан бешавҳар ва 55 000 кӯдак ятим монданд, инчунин, беш аз 150 000 нафар ҷон аз даст дода, зарари моддии кишвар қариб 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ягон кас рӯзҳои некро умед надошт. Ҳаргиз дар гӯшаи хаёли нафаре набуд, ки ҳама даргирӣ ва хунрезиро фарҷом саодат аст. Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба қудрат ва тавоноии зан, хислатҳои ҳамидаи ӯ такя карданд. ва аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ ба беҳдошти рӯзгори бонувон, нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Сентябри соли 1998 таҳти рақами 363 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005» тасдиқ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои он вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуданд. Қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мавҷударо вобаста ба оила ба танзим даровард. Санади дигари муҳим дар ин самт Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, баҳри аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санади ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон, аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020», «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои солҳои 2006 — 2010», «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2008 — 2010», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 — 2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 — 2023», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.
Самараи роҳандозии тадбирҳо буд, ки агар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар корманди соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2021 ба 73 фоиз афзуд. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувон аз 25 ҳазор нафар ба 57 ҳазор нафар расид. Саҳми бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Таъин гардидани бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаи илм ва дигар сохторҳои кишвар аз натиҷаҳои судманди иҷрои қонуну фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.
Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар зан ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар зан ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон — қариб 35, Суғд — беш аз 33, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — зиёда аз 34 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ба занону духтарон мустақилияту боварӣ овард. Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон давру замон зан — модари тоҷик ин гуна озод ва дар кору фаъолияти ҷамъиятӣ соҳибихтиёр набуд. Ин саодати бузургро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо — бонувон гардонидааст.
Мисоли дигари барҷастаи гуфтаҳои боло он аст, ки агар соли 1995 дар ҷумҳурӣ танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон фаъолият мекард, ҳоло шумораи онҳо ба зиёда аз 2000 расидааст. Ҳоло занону духтарони тоҷик дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Албатта, қабули ҳар як қонун мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти соҳа аст ва алҳол мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар кӯшиш намуда истодааст, ки баҳри рафъи мушкилоти рӯзмарраи занон ва ҷомеа бо қабули қонунҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо мусоидат намояд.
Маҳз фароҳам гардидани шароити баробар ва бартараф намудани мушкилиҳо имкон дода истодааст, ки бонувон, баробари иҷрои рисолати муҳими ҳаётӣ, дар арсаи сиёсат низ муваффақ бошанд.
Сарвари давлат ба меҳнати софдилонаи бонувон баҳои баланд дода, таъкид карданд: «Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст».
Маҳз, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишвар дастгирӣ шуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда пайваста тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегардад.
Ба хотири беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ грантҳо барои рушди соҳибкорӣ таъсис дода шудааст. Баргузории озмуни ҳарсолаи «Фараҳ» дар ин ҷода сафи занони соҳибкорро ба маротиб афзуд.
Мусаллам аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастрасӣ ба баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии бонувони кишвар, бузургтару муҳимтар намудани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ маҳсуб мешавад ва тамоюле, ки дар Тоҷикистон дар ин соҳа ба мушоҳида мерасад, ба маҷрои равандҳои умумиҷаҳонии васеъсозии намояндагии занон дар сатҳҳои болотарини ҳокимияти давлатӣ, бартарафсозии нобаробарии гендерӣ, афзудани теъдоди онҳо дар парламент, ҳукумат ва ҳокимияти судӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат ҳамеша пуштибон ва ғамхори бонувон ҳастанд. Барои роҳандозии сиёсате, ки манфиат ва талаботи занонро пурра ба назар гирад, моро низ зарур аст механизмҳои ҳавасмандгардониро дар доираи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат роҳандозӣ намуда, онро тақвият бахшем. Манзури ман квотаҳои гендерӣ мебошад. Ҳоло дар 104 кишвари ҷаҳон квотаҳои гендерӣ дар парламентҳо муқаррар ва дар конститутсияҳои онҳо дарҷ карда шудаанд. Ба фикри ман, муқаррар намудани квотаи 30 — фоизаи намояндагии занон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор барои таъмини баробарии сиёсӣ хоҳад буд.
Баробарҳуқуқии мардон ва занон дар қабули қарорҳои давлатӣ дар Иттиҳоди Аврупо низ пазируфта шудааст ва самараи хуб дода истодаанд. Дар кишварҳое, ки баробарии гендерӣ таъмин шудааст, дар қатори пешрафтҳои дигар тамоюли коҳиши ҷиддии сатҳи коррупсия низ ба мушоҳида мерасад.
Баробарии гендерӣ маънои танг кардани мавқеи мардонро надорад, балки ба ин хотир аст, ки ба занон барои машғул шудан ба ҳама гуна фаъолияти касбӣ имконияти зарурӣ фароҳам шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои миллат ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва «Нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025» таҳия ва пешниҳод намояд. Ин санади бузург барои тақвияти дониш, ҳунар, малака, истеъдод ва маҳорати сарварии бонувон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигоҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат роҳнамои бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Соҳибмаърифатии занон аз фаъолияти вакилони мардумӣ ва зиёиён вобастагии калон дорад.
Бо ин мақсад, аз оғози даъвати шашум вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бонувакилон, барои таҳия ва такмили босифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расидагӣ ба пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон ва рушди бештари муносибатҳои байнипарламентӣ донишу таҷрибаро сафарбар карда истодаанд.
Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат вазифаҳои мо – занону бонувонро барои тарбияи насли худогоҳу хештаншинос, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамояд. Рисолат дар ин ҷода садоқат ба Ватан ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ