24 октябри соли 2018 ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба шаҳри Москва сафар намуд.
Сафари ҳайати парлумонӣ то 26 октябри соли равон идома меёбад. Тибқи барномаи пешбинишуда рӯзи дуюми сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар форум суханронӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи Форум мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.
Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мегардад ва дар он аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият, аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он доираи васеи соҳибкорони ҳар ду кишвар ширкат меварзанд.
Дар ҳошияи Форум ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, панҷ суҳбати гирди миз оид ба мавзӯъҳои «Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкориҳо», «Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон», «Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ», «Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию истеҳсоли маҳсулот (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо», «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ» доир мегарданд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО