Сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт

№176 (3477) 24.12.2015

Аз 19 то 22 декабри соли 2015 ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дошт.

Дар ҷараёни ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парламенти (Маҷлиси уммаи) Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним ва валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вохӯрӣ намуд.

валиахдIMG_5097 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо  Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ иброз дошт, ки парламенти Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Давлати Кувайт тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёриро фароҳам сохтааст. Сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мо ин сиёсати дарҳои боз аст ва ҳар мамлакате, ки хостори густариш додани муносибатҳои нек бо кишвари мо бошад, ҷониби Тоҷикистон онро бо хушнудӣ мепазирад.

- Мо аз имконият ва зарфиятҳое, ки Давлати Кувайт дорад, огоҳ ҳастем ва кишвари Шуморо яке аз муҳимтарин давлатҳо дар ҷаҳони араб ва ҷаҳони Ислом мешиносем,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳо ва манбаъҳои бойи сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Бинобар ин Давлати Кувайт бо шароит ва имкониятҳое, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар ин замина бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз дошт: «Ибтидои таърихи робитаҳои Тоҷикистону Кувайтро метавон аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар таърихи 17-19 апрели соли 1995 ҳисоб кард. Ҳамчунин метавон гуфт, ки аз ҳамон рӯзҳо дӯстии шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амири Давлати Кувайт оғоз ёфт. Ин дӯстӣ таҳкурсии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Давлати Кувайт гузошт, ки ҳоло яке аз самтҳои фаъоли робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Вобаста ба авзои минтақаи Шарқи Наздик Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори барқарорсозии муносибатҳои неку дӯстона бо тамоми кишварҳо буда, хоҳони ҳалли мусолиматомези буҳронҳои бамиёномада, аз ҷумла дар Исроилу Фаластин ва Ироқу Сурия мебошад, ки амнияти минтақаро халалдор менамоянд ва ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тавсеаи робитаҳои гуногун бо Давлати Кувайт мебошад ва барои ин тамоми шароитро фароҳам овардааст. Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худодод аст ва аз ин ҷост, ки дар кишвари мо маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва меваю сабзавот бо ҳаҷми ниҳоят зиёд истеҳсол карда мешавад. Аз ин рӯ, Давлати Кувайт, бахусус соҳибкорон ва маблағгузорони хусусиву давлатӣ, имконият доранд, ки дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкориҳояшонро ба роҳ монанд.

- Ифтитоҳи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт нишонаи он аст, ки роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвари мо алоқаманди ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба бо кишвари дӯст ва бародари Кувайт мебошад,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд: — Мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик Сафоратхонаи Давлати Кувайт низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад.

Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас- Сабоҳ сафари ҳайати парламентии Тоҷикистонро ба кишвараш қадами муҳиме дар тақвияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ кард.

- Мо дар бораи имконият ва зарфияти тавлидотии маҳсулоти кишоварзӣ, захираҳои бойи сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дорем ва мекӯшем, ки имкониятҳоямонро дар нишастҳои алоҳидаи мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самтҳо чораҷӯйиҳо намоем, — гуфт Валиаҳди Давлати Кувайт.

**********

IMG_4747Дар ҷараёни мулоқот бо  Раиси парламенти (Маҷлиси уммаи) Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сохтмон, туризм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

- Мо аз барқарории муносибот ва тақвияти ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт дар тамоми бахшҳо манфиатдор ҳастем ва итминон дорем, ки дар ин замина қадамҳои устувори худро аллакай бардоштаем,  -гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, гуфт, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таркиб ёфтааст. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз 63 вакил иборат мебошад. Дар интихоботи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, аз ҳашт ҳизби сиёсӣ намояндагони шаш ҳизб ба парламент роҳ ёфтанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таҷрибаи бадастовардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофаринии худро ғанӣ намуда, дар тӯли фаъолияти зиёда аз 15 — солаи худ дар самти таҳия ва қабули қонуну санадҳо ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Санадҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи коршиносон ва мутахассисони ҷаҳонӣ сазовори баҳои баланд гардидааст ва парламенти Тоҷикистон дар миёни кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ ҳамчун парламенти муваффақ ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд, ки ба таҳкими муносибатҳои байнипарламентии ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунанд.

Шукурҷон Зуҳуров нақши парламентҳои кишварҳоро дар фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои созгори ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун муҳим арзёбӣ намуд ва густариши муносибатҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро зарур донист.

Ҷаноби Марзуқ Алӣ ал- Ғоним дар навбати худ иброз дошт, ки ташрифи ҳайати парламентии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров қадами муҳиме дар рушди равобити гуногунсоҳаи ду кишвар арзёбӣ менамояд.

- Мо аз ифтитоҳи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ниҳоят хушҳол ҳастем ва итминон дорем, ки ба зудӣ Сафоратхонаи Давлати Кувайт низ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри зебои Душанбе ифтитоҳ меёбад, — гуфт Раиси парламенти Давлати Кувайт.

Дар интиҳо Созишномаи ҳусни тафоҳум миёни Маҷлиси уммаи Давлати Кувайт ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода, Олимҷон Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Салимзода, Мирзоанвар Ахмедов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов  ҳамроҳӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон