Сафари ҳайати парлумонӣ ба шаҳри Боку

№60 (4480) 19.05.2022

ХАБАР 3 (2)17 майи соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустами Солӣ дар Конфронси сеюми генералии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (АП СҲИ), ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар оғоз, қатори дигар масъа­лаҳо, ҳисоботи натиҷаҳои дуюмин конфронси АП СҲИ, дастурамали фаъолияти он, инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи оянда мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарор қабул гардид.

Сипас, ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми АП СҲИ бо иштироки сарони парлумонҳои кишварҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Дабири кулли СҲШ ба кор оғоз намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад доир ба масъалаи баррасишаванда — «Ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия: чолишҳо ва имконот барои барқарорсозӣ», аз ҷумла, изҳор дошт:

- Ба Саҳиба Гафарова ва котиботи Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барои даъват ва корҳои назарраси анҷомшуда дар самти омодагӣ ва сатҳи баланди ташкили конфронс сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям. Мутмаинам, ки чорабинӣ қадами муҳим дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентии кишварҳоямон хоҳад гузошт.

Зикр шуд, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аҳамия­ташро ҳамчун платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷуд­омада, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии пандемияи COVID-19 ба таври боварибахш тасдиқ кард. Саъю кӯшишҳое, ки бо мақсади рафъи оқибатҳои пандемия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон сурат мегиранд, далели возеҳи зарурати ҳамкории зичи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи сар задани буҳронҳои глобалӣ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар Туркманистон баргузор шуд, бо мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳоямон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар сар задани пандемия ҷоригардида, ҳамчунин, монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ, иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.

Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзои СҲИ даъват карда шуд, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳия намоянд. Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки, бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ менамоем. Дар ин зимн, тавсеаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзо аҳамияти хосса доранд, — таъкид кард Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки бояд ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи СҲИ таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир гардад.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми генералии АП СҲИ барои истифодаи иқтидори СҲИ ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақа мусоидат хоҳанд кард.

18 майи солои равон, баъди дар доираи барномаҳои фарҳангӣ аз шаҳрҳои Физулӣ ва Шушаи Озарбойҷон дидан кардани иштирокчиён Конфронси сеюми генералии АП СҲИ ба анҷом расид.

ХАБАР 417 майи  соли равон дар доираи сафари ҳайати парлумонии мамлакат ба шаҳри Боку мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова доир гардид.

- Барои даъват ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси сеюми генералии Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри зебои Боку ба шумо миннатдории беандоза баён менамоям, — гуфт дар оғоз Маҳмадтоир Зокирзода ва ёдовар шуд, ки мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Қайд гардид, ки айни замон заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро 59 созишнома ва аҳднома дар бар гирифта, омили рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо иҷрои ҳадафҳое мебошанд, ки дар доираи созишномаҳои дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бадастовардашуда ва татбиқи санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баён намуда, дар маҷмӯъ, аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ кард.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон