Сафари ҳайати парлумонӣ ба шаҳри Боку

№59 (4479) 17.05.2022

16 майи соли 2022 ҳайати парлумонии мамлакатро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода, ки ҷиҳати иштирок дар Конфроинси сеюми генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Боку сафар кард, дар майдони ҳавоии шаҳр раиси Кумитаи илм ва маорифи Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахтиёр Алиев ва раиси Гурӯҳи дӯстии Миллии маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Маҷлиси намояндагон Айдин Мирзозода истиқбол гирифтанд.

Ҳайат 17 май дар Конфронси сеюми генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку доир мегардад, иштирок намуд.

Нахуст мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Айдин Мирзозода доир гардид, ки зимни он роҷеъ ба таҳкиму тақвият бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, кишварҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва ИДМ, шарикони наздик мебошанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон