18-уми сентябри соли 2023 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Ким Ҷин Пё ба шаҳри Сеул рафтанд.
Мақсад аз сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон иштирок дар Конфронси якуми раисони парламентҳои кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» мебошад.
Ба ҳайат, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил аст.