Сафари ҳайати Парлумонии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

№44 (4940) 09.04.2025

Файзали Идизода (2)5-уми апрели соли 2025 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ ­Идизода барои иштирок дар кори 150-уми Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

7-уми апрели соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар мавзуи «Ҷунбиши парлумонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва адолат» иштирок ва суханронӣ намуд.

«Имрӯз, вақте ки инсоният бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва геополитикӣ рӯ ба рӯ аст, маҳз парламентҳо бояд дар дарёфти роҳҳои ҳалли одилона, устувор ва фарогир роҳбарӣ намоянд. Мавзуи баррасишавандаи «Ҷунбиши парлумонӣ барои рушди иҷтимоӣ ва адолат» на танҳо барои таъмини суботи миллӣ, балки мустаҳкам намудани сулҳу ҳамкории байналмилалӣ низ муҳим аст»,- иброз дошт Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ.

Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ ва рушд рукни муҳими сиёсати давлатӣ аст, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Таҳти роҳбарии стратегии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти васеъмиқёс барои рафъи камбизоатӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ, оби тоза ва дигар захираҳои ҳаётан муҳим татбиқ шуд.

06ca7fa4-400f-fcce-5a41-c80ed5992067_lists_8039Иброз гардид, ки парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули барномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир — занон, кӯдакон, нафақахӯрон, маъюбон, инчунин, сокинони ноҳияҳои дурдаст нигаронида шудааст, саҳм мегузорад.

«Мо стратегияҳои миллии рушди устувор, пешбурди ташаббусҳо оид ба таъсиси ҷойи кор, тавсеаи имконияти иқтисодӣ барои ҷавонон ва занон ва коҳиш додани сатҳи бекориро дастгирӣ менамоем», — гуфт Файзалӣ Идизода.

Дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ 150 ҳайати парламентӣ, 2000 вакил аз 181 давлат, 15 мамлакати нозир ва беш аз 25 созмони байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди байнипарламентӣ парлумонҳои 181 кишвари ҷаҳонро муттаҳид кардааст. Баргузории ассамблеяи мазкур бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифта, эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ислоҳоти демократӣ ва саъю кӯшиши рушди парламентаризмро дар минтақа тасдиқ мекунад.

Баргузории ассамблеяи парламентӣ ба парламентҳо имкон медиҳад, ки оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули таҷриба кунанд, бо фаъолияти парлумонҳо шинос шаванд, иштироки парлумонҳоро дар татбиқи «Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030» васеъ намоянд ва имкониятҳои ҳамкории парламентҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ намоянд.

7-уми апрели соли равон дар ҳошияи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар шаҳри Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот аҳамияти ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки бори аввал дар минтақа баргузор шуд, махсус таъкид гардид.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни мамлакатҳои бародар баррасӣ шуданд. Ба натиҷаҳои самарабахши саммити якуми Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Форуми иқлимӣ, ки 4 апрел дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд.

Файзали Идизода (3)Дар мулоқот хусусияти таърихии вохӯриҳои ба наздикӣ дар минтақа гузаронида, аз ҷумла ҳалли пурраи масъалаҳои делимитатсияи сарҳадҳо ва дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расидани Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки солҳои охир гардиши мол байни мамлакатҳо дар минтақа даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ таъсис дода мешаванд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла дар минтақаҳои мамлакатҳо, барномаҳои ҳамкории пурмаҳсули фарҳангӣ ва таълимӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамзамон, аҳамияти тақвияти муколамаи парлумонӣ, аз ҷумла дар сатҳи кумитаҳо барои наздик намудани мамлакатҳо ва халқҳо, пешбурди ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули башардӯстона таъкид шуд. 

7-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан бин Абдуллоҳ Ал-Ғоним масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.

Файзалӣ Идизода аҳамияти ҳамкории парлумонҳои ҳар ду давлатро таъкид карда, барои идомаи робитаҳои фаъол дар қолабҳои дуҷониба ва бис­ёрҷониба изҳори омодагӣ намуд.

 Зимни мулоқоти Файзалӣ Идизода ва Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов дурнамои рушди муносибатҳо байни Маҷлиси намояндагон ва Парламенти Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Аз ҷумла, зарурати густариши муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамсоя таъкид гардид. Ҷонибҳо, инчунин, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ ва палатаҳои поёнии парлумонҳои ҳар ду мамлакат тавассути сафарҳо ва ҳамоишҳои гуногун густариш дода шавад. 

8-уми апрели соли 2025 дар ҳошияи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини Раиси Парлумони Шветсия Джулия Кронлид мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Файзалӣ Идизода таъкид намуд, ки «моро зарур аст ҳамкории худро амиқтар гардонем, масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, роҳҳои нави таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро пайдо намоем. Муносибатҳои мо дар асоси барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 уфуқҳои наве касб намуданд, ки бар эҳтироми ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ асос ёфтаанд. Шветсия ҳамеша шарики муҳими Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории башардӯстона буд. Мо дар якҷоягӣ якчанд лоиҳаро амалӣ намудем, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши кишоварзӣ нигаронида шудаанд».

Иброз гардид, ки кори мунтазам дар доираи форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои сатҳи баланд, аз қабили Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намуда, барои ташаббусҳои муштарак имконияти нав фароҳам меорад.

 8-уми апрели соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар шаҳри Тошканд бо Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот кард.

Таъкид гардид, ки дар сатҳи парлумонӣ мо метавонем на танҳо ҳадафҳои дарозмуддат ва стратегӣ таҳия кунем, балки қадамҳои мушаххасеро, ки ба амиқтар кардани робитаҳои мо нигаронида шудаанд, муҳокима кунем.

«Ҳамкории мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои нигоҳ доштани субот ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Вазифаи мо идома додани тавсеаи ин робитаҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, мо аз имзо ва табодули санади муҳими таърихӣ — Протоколи табодули ратификатсияи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ бо иштироки роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд хеле хушҳолем»,- иброз доштанд ҷонибҳо.

Зимни мулоқот иброз шуд, ки ҳамкории самарабахши байни парлумонҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, балки ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташаббусҳои нави муштарак мусоидат мекунад. Парламентариёни ҳар ду кишвар дар қабули қонунҳо ва қарорҳое, ки субот ва рушди муносибатҳои моро дарозмуддат таъмин мекунанд, нақши калидӣ доранд. Намунаи ин ҳам қонунҳои миллӣ ва ҳам ташаббусҳои муштараки қонунгузорӣ мебошанд, ки ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандони мо нигаронида шудаанд.

Ғайр аз ин, вохӯриҳои мунтазам, иштирок дар форумҳо ва конфронсҳои байнипарлумонӣ имкон медиҳанд, ки эҳтиёҷот ва мушкилоти мубрами кишварҳои мо беҳтар дарк карда шаванд. Ин ба таҳияи қарорҳои муассиртар ва ҷиддитар дар сатҳи ҳамкории дуҷониба ва сиёсати байналмилалӣ мусоидат мекунад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ин рӯз бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгон вохӯрӣ кард.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки вақте вазъ дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон хеле ташаннуҷнок боқӣ мемонад, иҷрои самараноки рисолати Иттиҳоди байнипарлумонӣ танҳо тавассути муттаҳид кардани кӯшишҳои қонунгузорон, таҳкими эътимод ва риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар корҳои ҷаҳонӣ имконпазир аст.

Иттилоъ дода шуд, ки яксаду сию шаш сол пеш дар шаҳри Париж вохӯрии таърихии парламентариёни нуҳ кишвар баргузор шуд, ки ба таъсиси иттиҳодияи бонуфузтарин ва намояндагии парламентӣ — Иттиҳоди байнипарлумонӣ оғоз бахшид.

Иброз шуд, ки дар тӯли фаъолият Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҳеҷ гоҳ аз принсипҳо дур нашудааст ва сол ба сол онҳоро танҳо мустаҳкам мекунад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, ҳамчунин, бо ноиби Раиси Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳоҷӣ Бобоӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. 

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ