28-уми апрели соли 2025 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург — ояндаи муштарак», ки аз 28 апрел то 1 майи соли 2025 баргузор гардид, ба шаҳри Волгогради Федератсияи Россия сафар кард.
Дар ин сафар Файзалӣ Идизодаро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода, Муҳаммад Шодиён, Муҷибахон Ҷавҳарӣ ҳамроҳӣ намуданд.
29-уми апрели соли 2025 ҳайати парламентии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода кори худро аз маросими гулчанбар гузоштан дар назди «Оташи абадӣ» дар маҷмааи «Мамаев Қӯрғон», макони рамзии хотира ва қаҳрамонӣ дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия, оғоз намуд.
Сипас, ҳайати парламентии Тоҷикистон ба маҷмааи ёдгории таърихии «Қаҳрамонони ҷанги Сталинград» ташриф оварда, хотираи ҳалокшудагонро гиромӣ дошта, экспонатҳои осорхонаро тамошо карданд.
Ҳайати парламентии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар кори бахши форуми «Ҳифзи хотираи умумии таърихӣ», ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар бораи ҳодисаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар шаҳри Волгоград ба муносибати 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шуда буд.
Дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия ҷаласаи ҷамъбастии Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи умумӣ» таҳти раёсати президентҳои Россия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко оғоз шуд.
Дар кори форуми мазкур, ҳамчунин, раисони парлумонҳо, ассамблеяҳои парлумонӣ ва ҳайатҳои парламентии хориҷӣ иштирок доштанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар назди иштирокчиёни форум баромад намуда, саҳми халқи тоҷикро дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла қаҳрамонии дивизияи 61-уми савораи тоҷикро, ки дар озод кардани шаҳри Сталинград иштирок дошт, махсус таъкид намуд.
Мавсуф ба аҳамияти ҳифзи ҳақиқати таърихӣ, эҳтиром ба гузаштаи умумӣ ва хотираи қаҳрамонии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки танҳо дар руҳияи муҳаббат ба ватан ва эҳтиром ба таърих сулҳу ваҳдатро пойдор нигоҳ доштан мумкин аст.
Иброз дошта шуд, ки Ғалабаи бузург бар фашизм ба шарофати муттаҳидӣ, ҷидду ҷаҳд ва ягонагии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар майдони ҷанг мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон доданд, ба даст омадааст. Дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон аз 1,5 миллион нафар аҳолӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар ба фронт даъват шуда буданд. Қариб 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои дигар вилоятҳои Иттиҳоди Шуравӣ фиристода шуданд, ки бисёрии онҳо аз он ҷо ба фронт рафтанд. Зиёда аз 100 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон дар майдони ҷанг ҷон бохтанд, ки тақрибан 40 дарсади шумораи умумии даъватшудагонро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои умумии тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ташкили қисмҳои ҳарбӣ, бо озуқаворӣ ва лавозимоти ҳарбию техникӣ таъмин намудани фронт, фаъолона иштирок намуд.
- Ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳо ва воқеаҳои муҳими Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла муҳофизати қалъаи Брест, шаҳрҳои Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол, фаъолона иштирок намуданд. Онҳо барои озод кардани Ленингради муҳосирашуда ёрӣ расонда, барои озод намудани Курск низ ҷангиданд. Мо ба хотираи ҳамаи онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро бохтаанд, сари таъзим фуруд меорем, — гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода.
Ҳамин тариқ, форум ба як платформаи муҳими муколамаи байналмилалӣ табдил ёфт, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо нигаронида шуда буд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»