Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 августи соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сафар кард.
Дар сафар Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзодаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳӣ намуданд.
Маҳмадтоир Зокирзода аз маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии сокини ноҳия Маҳмадулло Давлатов боздид карда, бо шароити рӯзгор ва захираи маҳсулоти кишоварзии ин оила шинос шуд.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кооперативи тиҷоратии «Эмоми Аъзам» бо фаъолияти он ошноӣ пайдо кард. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ парвариши маҳсулоти барвақтӣ буда, дар 1,2 гектар 20 гамрхонаи доимоамалкунанда ташкил шудааст. Кооператив дар 16,3 гектар замин таъсис ёфта, 20 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудааст.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мулоқот бо фаъолони ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода оид ба талошу ҷонбозиҳои Президенти мамлакат дар давраҳои вазнини аввали соҳибистиқлолӣ, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, аҳамияти таърихӣ доштани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, таҳкими давлату давлатдорӣ, беҳдошти рӯзгори мардум, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ ва қабули Конститутсияву зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он изҳори назар кард.
Чанде аз фаъолону сокинони ноҳияҳои зикршуда баромад карда, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои Исфараю Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода дар суханронии хеш аз таърихи дирӯзу имрӯзи кишвар ёдовар шуда, гуфт, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо интихоби фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи сулҳи тоҷикон гузошта шуд.
Дар идомаи суханронӣ Маҳмадтоир Зокирзода аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вилоят, шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар, ки 12 июн дар ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, ёдовар шуд.
- Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Вахш аз норасоии нон мардум маҷбур шуда буданд, кунҷораро тановул кунанд, ки оқибат ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шуданд. Хушбахтона, ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазниниҳо паси сар шуданд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Сипас, Маҳмадтоир Зокирзода дар бобати таърихи қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, таъсиси парлумони касбии дупалатагӣ, фаъолияти он дар ин солҳо бо истинод ба далелҳо ҳарф зад.
Муроҷиати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ҷавонон басо муассир буд:
- Шумо, насли ҷавон бояд шукронаи зиндагии имрӯзаро кунед, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ҳаёти осудаи халқ, хоса ояндаи шумо ҷавонон, заҳматҳои зиёд мекашанд. Мо насли шӯравӣ ҳастем ва чун имрӯз зиндагиро бо он замон муқоиса мекунем, фарқ аз замин то осмон аст. Пешвои миллат ба мардум бо фармони худ «заминҳои президентӣ» тақсим карданд, ки то халқ бемалол киштукор ва рӯзгорашро обод кунад. Бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед. Ғаюр бошед, Ватанро сидқан дӯст доред.
Бо истифода аз ҳузури насли калонсол, хусусан омӯзгорон, бо арзи эҳтиром хоҳиш гардид, ки ба насли ҷавон аз он рӯзҳои вазнин ёдовар шаванд, то гумроҳ нагарданд.
Иштирокчиёни ҷаласа — раиси Ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара Меҳринисо Раҳматова, сарвари МТМУ №14-и ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Холида Аҳмадова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Мавҷуда Юлдошева, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова суханронӣ ва дархосту пешниҳодашонро ироа карданд.
Дар мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода, Муҷиба Ҷавҳарӣ, Раҷабзода Равшан Муҳиддин, Мирзозода Мавлуда Зайнӣ, Мирзоанвар Ахмедов ва Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин ҳамроҳӣ намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»