Сафари кории Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия

№150 (4570) 05.12.2022

318121579_6132556743503126_7646682006415616124_n4-уми декабри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуково Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парлумонии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-ро дар шаҳри Москва тамошо карданд.

Он дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати «Қасри Кремл» дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870-солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар маҷмааи фарҳангӣ шумораи зиёди майдончаҳои сабз­пӯш, ки чор минтақаи махсуси табиии Федератсияи Россияро муаррифӣ мекунанд, ҷойгир карда шудааст. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳону меҳмонон, дар болои дарёи Москва иншооти «пули муаллақ» — майдони тамошо сохта шудааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди маҷмаа толори бузурги консертӣ барои 1900 тамошобин, намоишгоҳҳову аттраксионҳои интеррактивӣ, маркази «Ғори яхин», осорхонаи интеррактивии зеризаминӣ ва дигар иншоотҳои илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд.

5 — уми декабри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги солҳои 1941-1945 иштирок карданд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Москва дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот карданд.

318138307_6132531710172296_1846747798401604336_nЗимни суҳбат масъалаҳои муб­рами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ҳар ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, мусоидат менамоянд.

Нимаи дуюми панҷуми декабри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

318423841_465129209105130_4627179232624096661_nҲар ду ҷаласа таҳти раёсати Раиси АП СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти СААД ва натиҷаҳои асосии фаъолияти онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар марҳилаи таърихии 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20 соли таъсисёбии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.

Дар ин зимн, муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ихтилофҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада, ки барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд, равона сохта, вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД таъкид доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар СААД изҳори сипос намуда, ҳамчунин, ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат баҳри татбиқи зарфиятҳои ин кишвар дар давраи раёсат дар СААД, иброз доштанд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ ёфта, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти СААД барои соли оянда тасдиқ карда шуд.

www.majmilli.tj