Сафари кории Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Алмаато

№40 (4460) 29.03.2022

DSC_2907------Шоми 28 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамб­леяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии созмони мазкур доир гардид, бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқис­тон рафтанд.

Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалиро раисони кумитаҳо ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато меҳмононро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона истиқбол гирифтанд.

29 марти соли 2022 дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо иштироки ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот доир намуданд.

DSC_3026 — копияДар он вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30 — солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба аҳамияти фаъолияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парламентҳои давлатҳои ИДМ муҳим арзёбӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ҳар ду давлат соли сипаришуда 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2020-ум 30 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тақвияти ҳамкории самарабахш дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.

Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамроҳи роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар маҷмааи «Шараф», ки дар боғи «28 панфиловчӣ»-и шаҳри Алмаато ҷойгир аст, ширкат намуданд.

DSC_4437 — копия29 марти соли 2022 дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30 — солагии АБ ИДМ, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко сурат гирифт, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа Раиси милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Раиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Сенати Оли маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Меҷлиси милли Генгеши Туркманистон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиёни ҷаласа масъала «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро баррасӣ ва Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро қабул карданд.

DSC_3430 — копияАъзои Шӯрои АБ ИДМ оид ба 30 — солагии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ андешаронӣ карда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентиро зарур шумориданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар тӯли 30 сол АБ ИДМ муҳимияти нақш ва афзалияташро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарламентӣ собит намуда, ҳоло ҳамчун сохтори босамари байнипарламентӣ эътироф гардидааст.

Инчунин, зикр намуданд, ки Тоҷикис­тон ба фаъолияти АБ ИДМ аҳамияти хосса зоҳир намуда, палатаҳои Маҷлиси Олӣ ҳамкории густурдаро бо сохторҳои он ба роҳ мондаанд. Дар ин давра мо аз тарзи фаъолияти АБ ИДМ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, инчунин, таъмиқи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона истифода намудем.

Дар ҷараёни кори ҷаласа оид ба ­масъалаҳои дигари он мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

www.majmilli.tj