Сафари Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳрҳои Боку ва Минск

№64 (4647) 15.05.2023

МАТБУОТПонздаҳуми майи соли 2023 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафарова барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Гайдар Алиев, ки 16 — уми майи соли равон дар шаҳри Боку баргузор мегардад ва бо даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 18-уми майи соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, ба шаҳрҳои Боку ва Минск сафар намуд.

Ба ҳайат, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил аст.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон