Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ сеюми августи соли ҷорӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Ҳумайнй Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамроҳони ӯро раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, дар баробари таҳкими равобити байнипарлумонӣ, густариш бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду мамлакатро аз аҳдофи меҳварии сафар арзёбӣ намуд.
- Ният дорем бо ҷониби Эрон рушди бештари робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар, табодули таҷриба, маҷмӯи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҳар ду кишвар судмандро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянро анҷом хоҳад дод, — таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Панҷуми августи соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози суҳбат салому эҳтиром ва орзуҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонид. Номбурда ба роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъвати ҳайати расмии парлумони Тоҷикистон ва пазироии самимона миннатдорӣ намуда, аз ҷумла, гуфт: «Ба Шумо, Ҷаноби Оқои Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои пайдо намудани имконияти мулоқот изҳори сипос менамоям. Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳама бахш талош варзем.
Итминони комил дорам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии бобарори шумо мақому манзалати баландтарро касб намуда, дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва пешбурди робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамҷавор саҳми арзанда мегузорад».
Маҳмадтоир Зокирзода, инчунин, иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил шудааст.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.
- Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд ҳастем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ҷиҳат шоёни таҳсин мебошанд.
- Аз ин рӯ, омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши муносибат байни кишварҳо талош намоем. Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ, аз ҷумла, робитаҳои байнипарлумонӣ, аҳамияти хоса доранд. Умед дорам, ки пас аз сафари мо равобитҳои байнипарлумонӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳанд шуд, — иброз дошт М. Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба масъалаҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ 20 октябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарламентӣ ба имзо расониданд.
Дар ин замина қадамҳои устувор гузошта шуда, вақти он расидааст, ки ҳамкориҳоро беш аз пеш густариш диҳем. Дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ омӯзиши таҷрибаи дар низоми қонунофарӣ ҳамкории судмандро тақвият бахшем.
- Итминон дорам, ки бо шарофати кӯшиши ҷонибҳо равобити гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Эрон ба манфиати ҳар ду кишвар боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт, — гуфт дар анҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари фасли навин дар раванди муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои маҷлисҳои ҳар ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстии муштарак гардид.
Панҷуми августи соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар он, ки бо ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Алҷазоир Эймен бин Абдурраҳмон, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, раисони парлумонҳои Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Нигерия, инчунин, вазирони корҳои хориҷии Уммон, Кувайт ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Инчунин, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо хоҳиши ҷониби Эрон аз маҷмааҳои гардишгарии «Пули табиат», «Аббособод», Маҷмааи таърихию-фарҳангӣ ва мухобиротии «Бурҷи милод» ва майдони «Бурҷи Озодӣ»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон