Тавре иттилоъ дода будем, 29 октябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян бо ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ намуд. Дар доираи он 30 октябр меҳмони олиқадр бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.
31 октябр Ара Баблоян бо ҳайати ҳамроҳон ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф овард. Баъди пешвозгирии самимона меҳмонони олимақом бо роҳбаладии раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва дигар шахсони масъул аз Осорхонаи марказии шаҳр, Неругоҳи барқи обии «Норак», «Боғи анор» ва ғайра дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.
Субҳи 1-уми ноябр Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ва ҳамроҳонаш ба Ватан баргаштанд. Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода гусел намуданд.
Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
* * *
Инчунин, тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 30 октябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати парламентии Ҷумҳурии Арманистонро таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистонро баррасӣ ва роҷеъ ба дурнамои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи минбаъда, ҳамчунин оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
«Садои мардум»