Сафари Расмии Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№58 (4478) 14.05.2022

2222212 майи соли 2022 Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Муҳтарам Маулен Ашимбаевро муовини ӯ, раиси Кумита оид ба молия ва буҷет, аъзои як қатор кумитаҳои Сенати парламенти Қазоқистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

13 майи соли 2022 Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо нишони эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

13 майи соли 2022, ҳамчунин, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, зимни он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории шарикӣ ва робитаҳои байнипарламентии байни кишварҳои дӯст баррасӣ гардид.

Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаевро ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хайра мақдам гуфтанд.

Изҳори  қаноатмандӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Қазоқистон тавассути саъю талоши роҳбарони ҳар ду давлат сатҳи шарикии стратегиро касб намудаанд.

Заминаи васеи шартномавию ҳуқуқӣ ва муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба ин раванд мусоидат намуданд.

Дар рафти музокирот вазъи кунунии робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати парламенти Қазоқистон дар ҳошияи баргузор гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ба рушду густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбиву техникӣ табодули назар карданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ҳар ду кишвар аз рӯи натиҷаҳои соли 2021-ум 30 фоиз афзуда, ба 1,1 миллиард доллари ИМА баробар шуд.

Дар ин зимн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтояшро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд.

Дар робита ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон, идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо парламенти Қазоқистон дар доираи бисёр­ҷониба, бахусус  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, Иттиҳоди байнипарламентӣ ва Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аҳамияти хоса дода, ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо мебошад.

Қайд гардид, ки сафари расмии роҳбарияти Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музокироти он барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманди байни кишварҳо саҳми арзанда мегузорад.

Баъд аз музокироти ҳайатҳои васеъ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқоти хосса анҷом доданд. Дар он ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикис­тону Қазоқистон дар самтҳои афзалиятнок, инчунин, робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстиву шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни баррасии ҳолати ҳамкории байнипарламентӣ оид ба фаъолияти палатаҳои болоии парламентҳои ҳар ду кишвар дар қолаби минтақавию байналмилалӣ табодули андеша карда шуд.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятӣ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот маҳсуб ёфта, ҷонибҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламентро махсус қайд карданд.

13 майи соли 2022, ҳамчунин, бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

1111Дар он аъзои комиссия аз ҳар ду ҷониб, инчунин, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламент иштирок  намуданд.

Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи нахус­тини Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламентро шодбош гуфта, нақши онро дар самти рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ карданд.

Баъди суханони ифтитоҳии роҳбарони ҳайатҳо маросими баимзорасонии «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламент барои солҳои 2023 — 2024» доир гардид.

Сипас, ҷаласаи комиссия таҳти раёсати ҳамраисони он — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Олга Перепечина идома ёфт. Тибқи рӯзномаи он, иштирокдорон мас­ъалаҳо оид ба тасдиқи Дастури Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистонро самтҳои асосии ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати парламент дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода, қарор қабул намуданд.

Нимаи дуюми 13 майи соли равон Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ба Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ташриф оварда, дар назди муҷассамаи хизматчиёни ҳарбии қазоқистонӣ гулҳои тару тоза гузоштанд. Ёдгории мазкур 15 декабри соли 2007 бо мақсади гиромидошти хотираи хизматчиёни ҳарбӣ — сарҳадбонони қазоқис­тонӣ, ки дар давраи ҷанги таҳмилӣ — ҳангоми ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷон бохтаанд, ифтитоҳ шудааст.

Сипас, муҳтарам Маулен Ашимбаев ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ташриф оварда, аз толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи он дидан карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуда, аз панҷ ошёна иборат буда, дорои толорҳои боҳашамати «Дидор», «Аржанг», «Гулистон» ва «Зарандуд» мебошад.

Баъди тамошои маҷмаа Раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба ҳунари волои меъморону устоҳои тоҷик баҳои баланд доданд.

Меҳмонон, инчунин, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо карда, дар толорҳои нигоравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаҳои фарҳангии кишвар меҳмони олиқадр­ро шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

www.majmilli.tj