Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон

№57 (4477) 12.05.2022

DSC_1101 (2)11 майи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва дигар намояндагони расмии он кишвар истиқбол гирифтанд.

Зимни сафари расмӣ дар Туркманистон муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

11 майи соли 2022 дар Девони Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  доир гардид.

Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати оғози фаъолият ба ҳайси Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон муборакбод намуда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд.

Зикр гардид, ки раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳама арсаи ҳамкорӣ маҳз ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти олии ҳар ду кишвар ҷараён дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози итминон доштанд, ки бо саъю талошҳои муштарак сатҳи ҳамкории байнипарламентии кишварҳо низ ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда хоҳад шуд.

Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманис­тон, инчунин, ҷанбаҳои муҳими ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоюл соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманис­тон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои муб­рами минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра изҳор гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи Созмони Милали Муттаҳид, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.

Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоюли мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя ташвишовар аст.

Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд.

11 майи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Генгеши Турк­манистон Гулшат Маммедова мулоқот намуданд, ки зимни он масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

DSC_1333 (2)Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкории судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин, дар атрофи дигар масъалаҳои афзалиятноки дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

Нимаи дуюми 11 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Масҷиди маънавиёти Туркманбошии Қипчоқи шаҳри Ашқобод боз­дид ба амал оварданд.

280415985_364586555650038_6736469003506106697_nМуҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром дар назди мақбараи нахустин Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов гул гузоштанд.

Сипас, ба Маҷмааи байналмилалии аспиву варзишии шаҳри Ашқобод ташриф оварда, дар ҳамон ҷо ба меҳмони олиқадр барномаи Гурӯҳи бозиҳои миллии аспии «Галкиниш» намоиш дода шуд.

Дар идома Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод дидан намуда, дар ҳамон ҷо бо Ҳокими шаҳри Ашқобод Раҳим Гандимов мулоқот анҷом доданд. Зимни суҳбат доир ба дастовардҳои пойтахти Туркманис­тон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус пешравиҳои бахши варзишу сайёҳӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шаҳраки олимпии мазкур ба сифати яке аз объектҳои асосии Бозиҳои Осиёии соли 2017 дар толорҳои пӯшида маҳсуб ёфта, дар масоҳати 157 гектар бунёд ёфтааст.Дар он зиёда аз 30 иншооти варзишии гуногун, аз ҷумла варзишгоҳи «Олимпӣ» бо 45000 нишастгоҳ, маркази параолимпӣ, маркази тиббию офиятӣ, велотреки пӯшида, маҷмааи варзишии санъати ҳарбӣ, иншооти пӯшидаи варзиши сабук, корти теннис, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои гуногун, маркази тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳои марбута қомат афрохтаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати ҳамроҳонаш ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи бофандагии Ашқобод» низ шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона буда, маснуоти босифати бофандагии он аз пахтаи маҳаллӣ мавқеашро дар бозори ҷаҳонӣ торафт мустаҳкам менамояд. Иқтидори солонаи Маҷмааи бофандагии Ашқобод коркарди 13100 тонна ришта ва 22,5 миллион метри мураббаъ матои пахтагин буда, дар он 2800 корманд дар чор бахш — тайёркунӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ фаъолият доранд.

12 майи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи Конститутсияи Туркманистон иштирок намуданд.

Дар маросими гулгузорӣ Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизис­тон ва Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд.

Сипас, дар Маркази ҳамоишҳои шаҳри Ашқобод ҷаласаи якуми Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия «Ҳамкории байнипарламентӣ — ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байнидавлатӣ», ки бо ташаббуси Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон, Президенти собиқи ин кишвар Гурбангули Бердимуҳамедов даъват гардидааст, ба кор оғоз бахшид.

Нахуст Гурбангули Бердимуҳамедов ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои парламентҳои миллӣ дар сиғаи «Осиёи Марказӣ — Россия» дорои аҳамияти муҳим буда, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи кишварҳо мусоидат менамояд.

Инчунин, дар форум роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Пас аз анҷоми қисмати тантанавии форум маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои дуҷониба баргузор гардид.

Зимни он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Халқ Маслиҳатии Миллӣ Генгеши Туркманис­тонро ба имзо расониданд.

Сипас, кори форуми байнипарламентӣ дар шакли суҳбатҳои гирди миз идома ёфта, дар ҷамъбаст ҳамчун ҳуҷҷати ниҳоӣ Декларатсияи ашқободии Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия қабул гардид.

12 майи соли 2022 дар ҳошияи сафари расмӣ дар Туркманис­тон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфтанд.

279972527_364845422290818_6439702481640424553_nДар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданашон табрик гуфта, дуруди гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он ҷониб расонданд.

Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардид. Зимнан, нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо муҳим арзёбӣ шуд.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар асоси заминаи васеи ҳуқуқӣ рушд меёбанд. Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.

Ҷонибҳо ҳавасмандиро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ тавассути татбиқи «Барномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2021 — 2023» изҳор намуданд.

Зимни гуфтушунид, ҳамчунин, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади мусоидат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шавад.

Аснои суҳбат доир ба масоили ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи сиёсии минтақа, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

www.majmilli.tj