Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

№119 (4381), 120 (4382) 25.09.2021

2V9A7946Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқис­тон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев муҳтарам ­Рустами Эмомалиро муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Аскар Шокиров ва дигар намояндагони расмӣ самимона ­истиқбол гирифтанд.

Зимни сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

23 сентябри соли равон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар ­назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Ҷумҳурии Қазоқис­тонро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Шокиров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз мулоқоти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, зимни он масъалаҳои рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Парламенти Қазоқистон дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҷонибдори боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳо мебошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ саъю талоши бисёрсола ва нақши муассири роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар бораи рушду густариши муносибатҳои кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиву техникӣ низ табодули андеша карданд.

Зикр шуд, ки новобаста ба вазъи мураккаби эпидемиологӣ ҳаҷми гардиши мол дар байни ҳар ду кишвар соли 2020 ба нишондиҳандаи як миллиард доллари ИМА наздик шуда, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб сад миллион доллар афзуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоюли мусбати рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дош­танд, ки дар ин самт иқтидору захираҳои кишварҳо ҳоло пурра мавриди истифода қарор дода нашудаанд.

Ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, маориф ва дигар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳор гардид.

Инчунин, вазъи мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон низ баррасӣ гардида, зикр шуд, ки он мушкилии на танҳо мардуми афғон, балки минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон, қабл аз ҳама, таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонис­тон таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун масъалаи афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Пас аз мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Санадро аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи баимзорасида, дар қатори дигар масоили ҳамкорӣ, бо мақсади тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда низ пешбинӣ гардид.

Тайи солҳо робитаҳои парламентӣ ва байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи гурӯҳҳои дӯстӣ амалӣ мешуд ва таъсиси мақоми нави корӣ ба тақвияту густариши батад­риҷи муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Нур — Султон муҳтарам Алтай Кулгинов мулоқот намуданд.

Зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тамоюли рушди босуръати шаҳри Нур-Султон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки васеъ намудани робитаҳои байни воҳидҳои маъмуриву ҳудудии кишварҳо, пеш аз ҳама, пойтахтҳо муносибатҳои байнидавлатиро қавитар мегардонад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ҷавонон ва варзиш низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Зикр шуд, ки шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавас­манди Қазоқистон бобати ҷалби сармояи мустақим ва истифодаи самараноки фазои мусоиди соҳибкории пойтахт, омода аст.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон муҳтарам Алтай Кулгинов Ёддошти тафоҳумро дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Нур-Султон ба имзо расониданд, ки амалигардонии он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва равобити дӯстии байни пойтахтҳо шароити бештар фароҳам меорад.

Сипас, муҳтарам Рустами Эмом­алӣ аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «АстанаГенплан» баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тақвияти нақши илми ҳуқуқ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ширкат дар таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, пешбурди Феҳрис­ти давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, Бонки намунавии назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон, базаи ягонаи маълумоти тадқиқоти таҳлиливу иҷтимоии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ, ки ба дастрасии мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилои ҳуқуқӣ бо истифода аз технологияҳои компютерӣ мусоидат менамоянд, ба ҳисоб меравад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и Ҳокимияти шаҳри Нур-Султон низ дидан намуданд.

Он бо реҷаи шабонарӯзӣ ­фаъолият карда, марказҳои тамоси муассисаҳои коммуналии шаҳрро мепайвандад ва бо ҳамин тариқ нуқтаи марказии робита бо аҳолӣ ба шумор меравад.

Дар маркази «iKOMEK» 60 мутахассис ва 6 ҳазор камераи мушоҳидавӣ фаъолият дошта, ба таври шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон хизмат менамоянд.

Субҳи 24 сентябри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур — Султон дар маросими гузош­тани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон иштирок ва суханронӣ намуданд.

2V9A8868Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иҷрои амалии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба  мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, он дар яке аз гӯшаҳои зебои шаҳри Нур-Султон дар масоҳати 1,0 гектар бунёд мегардад.

Лоиҳаи онро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохт­мони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа, маҷмааи биноҳои сафоратхона аз бинои панҷошёнаи сафорат бо масоҳати 3939,6 метри мураббаъ, бинои консулгарӣ бо масоҳати 446,4 метри мураббаъ, қароргоҳи сафир бо масоҳати 713,4 метри мураббаъ, хонаи истиқоматии шашошёна барои кормандон бо масоҳати 2517,2 метри мураббаъ, толорҳои зиёфат ва маҷлис дар масоҳати 648 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ ва нуқтаҳои техникӣ иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқис­тон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Хусусияти муносибатҳои муосири Тоҷикистону Қазоқис­тон сатҳи баланди эътимоди мутақобил, шарикии стратегӣ ва наздик будани мавқеъҳо дар аксар ­масъалаи мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Сатҳи баланди муносибатҳои ҳар ду кишвари дӯст дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ собит ёфтааст, ки беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидо­равиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 1993 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санади бунёдӣ — Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд.

Зимни он робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои тоҷикистониву қазоқистонӣ арзёбӣ гардида, зикр шуд, ки он дар натиҷаи саъю талоши муштараки ҷонибҳо ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбанд.

Зикр гардид, ки муколамаи мунтазаму самимии сарони давлатҳо ба тақвияти рушди муносибатҳои ҳар ду кишвари дорои арзишҳои маънавии умумӣ, анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ ва афзудани эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷумҳурии Қазоқистонро яке аз шарикони калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории шарикӣ бо Қазоқистон дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи зиёд дорад. Дар ин самт ба муносибати кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва иҷтимоиву башардӯстӣ аҳамияти хоса зоҳир шуд.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳолати бавуҷудомада ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дош­та, талошҳои муштаракро баҳри барқарор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Афғонистон тақозо менамояд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақавӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амният низ зикр гардида, ҳалли қазияи афғонӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақавӣ ҳисобида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур — Султон дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат намуданд.

Ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик, бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нур-Султон ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд. Он дар соҳили рости шаҳри Нур-Султон, дар ноҳияи Алма-ато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи  Бейимбет Майлин идома меёбад.

Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳа (бурриш)- и кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш се метр мебошад. Майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг, 400 гули садбарг ороста ва дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш гардидааст.

Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.

www.majmilli.tj