Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

№4-5 (4744-4745), 6-7(4746-4747) 10.01.2024

Эрон18-уми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

8-уми январи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди шаҳри Теҳрон гардиданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рус­тами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.

8-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.

photo_2024-01-08_12-53-53Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайра мақдам гуфт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳиму афзалиятноки равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистону Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба нақши созанда дорад.

Ҷонибҳо нақш ва аҳамияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ хеле муҳим ва калидӣ ҳисобида, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ баён доштанд.

Имрӯз ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро 200 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд.

Дар робита ба ин фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ махсус қайд гардид. Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон ҳавасмандиро ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии миёни ҳар ду кишвар то 500 миллион доллар таъкид намуданд. Бинобар ин, татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ҳар ду ҷониб дониста шуд.

Ба масъалаи тавсеаи робитаҳои судманд дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологояҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб, рушди бахши саёҳати офиятбахш, идомаи анъанаҳои неки равобити фарҳангӣ, аз қабили ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои ҳифзу нигаҳдош­ти забони тоҷикӣ-форсӣ аз самтҳои воқеии рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ арзёбӣ шуданд.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва  дигар мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ аз Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Аз натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҳар ду кишвар равона шудааст.

Санади нави ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муколамаи созанда ва пайвастаи байнипарламентии Тоҷикистону Эрон дар сатҳу мазмуни баланд идома дода шавад.

Ҳаштуми январи соли 2024 ­Раи­си Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд.

170471008045840400Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ расонданд.

Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои муҳиму афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикис­тону Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, баррасӣ гардиданд.

Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бомаром рушд ёфта истодаанд, ки дар пешбурди самараноки ин раванд мулоқоту тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доранд. Ҷонибҳо муҳимияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.

Бо назардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин, ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноати мошинсозӣ, хӯрок­ворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ҳар ду кишвар ва идомаи анъанаҳои ташкили Рӯзҳои фарҳангӣ салоҳи кор дониста шуд.

Зимни суҳбат доир ба масоили ҳамкории ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалию байниминтақавӣ, аз ҷумла доир ба вазъи Афғонис­тон ва Фаластин, мубодилаи афкор сурат гирифт.

1704732662582-018-уми январи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон боздид карданд.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказест, ки дар он навтарин дастоварду маҳсулоти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва паранда, доруҳои растанӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузош­та шудааст.

Ниҳоди мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён фаъолият менамояд.

Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади афзун кардани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкориҳои муштараки илмию техникӣ байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлатию илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҳамон ҷо бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни Тоҷикистону Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистону Эрон доир гардид.

Зери Ёддошти тафоҳум Раи­си Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.

Нуҳуми январи соли 2024 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз­дид ба Расадхонаи шаҳри Теҳрон ташриф оварданд.

photo_2024-01-10_08-59-52Расадхонаи шаҳри Теҳрон дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги маълумотҷамъоварии идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шурои шаҳри Теҳрон, ­мебошад.

Дар маркази мазкур маълумот бо истифода аз аксҳои фазоии шаҳрдории Теҳрон, харитаи сеандозаи Теҳрон, системаи харитасозии Теҳрон, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи шаҳрӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.

Тамоми маълумотҳо оид ба шаҳри Теҳрон дар як нуқта мутамарказ шуда, ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) ҷамъоварӣ ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода мешавад. Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда ниҳодҳои ваколатдор ҷиҳати қабули қарорҳои миёнамуҳлату дарозмуддат, аз ҷумла дар масъалаҳои буҳронӣ, тасмим мегиранд.

Нуҳуми январи соли 2024 дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Теҳрон аз маҷмааи Бурҷи милоди Теҳрон дидан карданд.

Иншооти мазкур дорои манораи алоқа бо баландии 435 метр аст, ки баландтарин бурҷи Эрон, шашумин бурҷи баланди мухобиротии ҷаҳон ва 24-умин сохтмони баландтарини ҷаҳон мебошад.

Бурҷи милод, чун яке аз рамзҳои пойтахти Эрон, ба далели баландӣ тақрибан аз ҳама гӯшаҳои шаҳри Теҳрон намоён буда, аз баландии манораи он манзараи зебои шаҳр ба назар мерасад. Дар баландии 276 метр тарабхонаи чархзананда ва болотар аз он биноҳои асосии манора иборат аз 12 табақа ҷойгир шудаанд.

Сохтмони иншоот аз рӯи тарҳи меъмор Муҳаммадризо Ҳофизӣ дар масоҳати 62 гектар соли 1997 оғоз гардида, маҷмаа соли 2008 ифтитоҳ шудааст.

9-уми январи соли равон дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот анҷом доданд.

photo_2024-01-10_09-00-30Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҷониби мизбон арзи сипос намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки байни Душанбе ва Теҳрон ҳанӯз соли 1995 муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардида, дар ин давра байни пойтахтҳои ҳар ду давлат дар асоси эътимод ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муштарак ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои алоҳида сурат гирифтанд.

Теҳрон ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратию молиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир дар бахшҳои гуногуни шаҳрдорӣ ба дастовард ва рушду пешрафти назаррас ноил шудаааст.

Изҳори умед карда шуд, ки робитаҳои наздики Душанбе ва Теҳрон имкон медиҳад, ки ҷонибҳо бо назардошти иқтидорҳои бузурги саноатӣ ва илмию фарҳангии ҳар ду пойтахт ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро тақвият диҳанд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, фарҳанг ва гуманитарӣ, инчунин, табодули таҷриба дар фаъолияти шаҳрсозӣ, ободонӣ ва идораи маҷмӯи инфрасохтори шаҳрҳо барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади тавсеа ва таъмиқи равобити судманди байни Душанбе ва Теҳрон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ «Барномаи ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ» ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки санади нави ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбахши Душанбе ва Теҳрон заминаи муносиб фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8 ва 9 январи соли 2024 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид.

Зимни сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва баланд, аз ҷумла мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ, баргузор гардиданд.

Дар доираи нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз як қатор ширкатҳои технологию инноватсионӣ ва маҷмааҳои таърихию фарҳангии шаҳри Теҳрон боздид ба амал оварданд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар маҷмӯъ, 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин, ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳҳои нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷратӣ байни Тоҷикис­тону Эрон мусоидат хоҳанд кард.

Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд:

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муованати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ.

Ҳамчунин, дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ як қатор чорабинию муколамаҳои судманд баргузор гардида, зимни онҳо як қатор созишномаю шартномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, сохтмонӣ, маводи доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои сохторҳои бахши хусусӣ байни ҳар ду давлат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар аснои ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмӯъ, барои амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар дар назар аст.

www.majmilli.tj