Сафари расмии Соҳиба Ғафорова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№114 (4534) 12.09.2022

CTX_0315Шоми 10 сентябри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова ва ҳайати парламентии он кишвар ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

12 сентябри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғафорова, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карда, ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди арзёбӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон табодули андеша карданд.

Сипас, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Дар оғоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикис­тон хайрамақдам гуфта, зикр карданд, ки мулоқоти имрӯза идомаи мантиқии муколамаи зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон, ки моҳи марти соли ҷорӣ анҷом дода шуд, маҳсуб меёбад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва саҳми муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ҳар ду давлат мусоидат менамоянд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиро ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла тавассути тамосҳои мунтазами гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯбаи қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва сохторҳои байнипарламентии созмонҳои мазкур низ ҳамкории самарабахш доранд.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки заминаи устувори рушди ҳамкорӣ ва муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Озарбойҷонро таърихи бисёрсолаи робитаҳои байни ҳар ду миллат, ҳамчунин саъю талоши роҳбарони ҳар ду давлат фароҳам овардаанд.

Дар ин зимн, таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба коркарди муштараки масъалаҳо оид ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани сохтори он, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, сайёҳӣ низ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо дар доираи рушди ҳамкорӣ байни пойтахтҳо масъалаи бунёди муҷассамаҳои Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку низ баррасӣ карданд.

www.majmilli.tj