(Идомаи сафари корӣ)
18-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамон ҷо дар назди лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ — ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.
18-уми апрели соли равон дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин, робитаҳои байнипарламентии ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва баимзорасии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвари бародар рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аз раванди рушди бемайлони ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои таҳкими ҳамкории ҳар ду давлат дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи равобити байнипарламентӣ, ибрози назар карданд.
18-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ лоиҳаҳои якчанд қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко оғоз бахшида, зери оҳанги мутантан ба толор нусхаи Парчами Ғалаба ворид карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик гуфта, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд.
Таъкид карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба рафта, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҳалок гардиданд.
Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд.
Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо, инчунин, дар муҳорибаҳои шадиди занҷираи Курск ва озод кардани Ленинград аз муҳосира ҷоннисорона иштирок карданд.
Дар баробари ин, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд шабу рӯз заҳмат кашида, ҳамаи захираҳои мавҷудаи моддию техникӣ ва инсониро барои таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа сафарбар карда буданд.
Мардуми Тоҷикистон дар ҳамон солҳо, бо вуҷуди дар шароити бисёр вазнин қарор доштан, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хати ҷанг қарордошта қабул карда, нисбат ба ҳамаи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуданд.
Бо ифтихору қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони дигар ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони ташкилоти собиқадорон, маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ва Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз иштирок дар ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба Ватан баргаштанд.
www.majmilli.tj