Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

№71 (4811) 03.06.2024

7e5f627a-103f-444d-8b86-354f5c9f81bdДуюми июни соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқис­тон сафар карданд.

Дар ин сафари корӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

2-юми июни соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқис­тон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва намояндагони расмии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сеюми июни соли 2024 дар шаҳри Алмаато дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар, инчунин, самтҳои афзалиятдори робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парла­ментии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Субҳи 3-юми июни соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарияти Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои СААД дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди «Оташи ҷовидон»-и маҷмааи ёдгории «Шараф» иштирок карданд.

45f560c5-b38f-4498-ab88-d132533a19093-юми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи ­навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ ­намуданд.

bfc4239f-d879-44fa-b672-b0ef57bdcf05Дар ҷаласаи Шурои Ассамб­л­е­яи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардид, масъалаҳои муб­рами рӯзномаи фаъолияти СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ зикр карданд, ки фаъолияти муштараки кишварҳои аъзои СААД дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба самарабахшии ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар таъмини ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои мо мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки дар замони шиддат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ афзалияти тавсеа ва баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ дар доираи СААД меафзояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон ҷалб карда, таъкид намуданд, ки вазъияти мураккаби ин кишвар метавонад барои минтақаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оқибатҳои манфии дарозмуддат дошта бошад.

Зимни суханронӣ, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимияти амалӣ намудани тадбирҳои муштаракро бобати таъмини амнияти фазои иттилоотии СААД ва пешгирии истифодаи ғаразноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои харобиовари худ, зарур шумориданд.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъа­лаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Нимаи аввали рӯзи 3-юми июни соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои ­аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

15f19130-a80b-4425-b4db-b48391455e29Зимни суҳбати самимӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев паёму таманниёти гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, ба талошҳои ҷониби Қазоқистон дар давраи раёсати он дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баҳои баланд доданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои аъзои СААД дар доираи Ассамблеяи парламентӣ ба таъмини самаранокии СААД дар ҳама самтҳои фаъолияти он мусоидат хоҳад намуд.

3-юми июни соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.

www.majmilli.tj