Таҳти ин унвон панҷуми сентябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар — машварат баргузор гардид, ки дар он кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ширкат варзиданд.
Муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Сулҳиддин Нидоев ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Сипас, табиби шинохта Муллозуҳур Тоҳирӣ доир ба нигоҳдории саломатӣ ва таъмин намудани дарозумрӣ ибрози андеша ва таъкид кард, ки одамон аз беморӣ не, балки аз нодонӣ вафот мекунанд. Зеро, ба гуфти ӯ, дар сурати риояи тартиби дурусти тановули хӯрок ва тарзи ҳаёти солим имкон дорад, ки одам 100 сол ва зиёда аз он умр бинад.
Муллозуҳур Тоҳирӣ, ҳамчунин, роҷеъ ба доруву малҳамҳои ихтироъкардааш ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо маълумот дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дорую малҳамҳои «Ферула – хит доктор Тохири», «Замч доктор Тохири», «Хушрӯ» ва «Тарангин»-ро ихтироъ намуда, истеҳсоли онҳоро дар Федератсияи Россия ба роҳ мондааст. Онҳо дар шаҳрҳои Москва ва Санкт – Петербург аз санҷишҳои илмӣ гузашта, аз истифодаашон беморони зиёд дар кишварҳои гуногун табобат ёфтаанд.
Дар мамлакат бошад, истеҳсоли «Малҳами доктор Тоҳирӣ» ва зиёда аз 10 навъи чойи табобатӣ ба роҳ монда шудааст.
Муллозуҳур Тоҳирӣ таъкид кард, ки агар дар кишвар аз гиёҳҳои шифобахш, ки номгӯяшон хеле зиёд аст, ба таври мақсаднок истифода барем, ҳеҷ зарурат ба доруву дармони хориҷӣ намемонад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»