Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Саломатии миллат боигарии миллат аст

№127 (3764) 28.10.2017

DSC_6548Бо такя ба ин шиор вакилони Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро қабул намуданд

Бисту панҷуми октябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирзомуддин дода мешавад.

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғайра) ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, айни ҳол дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ ҳар рӯз қариб 1 миллиард мард ва 250 миллион зан тамоку мекашанд. Аз нишондодҳои ҳамин манбаъ бармеояд, ки тамокукашӣ 10 фоизи сабаби асосии марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил медиҳад ва ҳар сол 5,4 миллион нафар аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд. Аз ҷиҳати истифодаи тамоку дар байни аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми 9-ум ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми 3-юмро ишғол менамояд.

Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул ва соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, қонуни номбаршуда дар таҳрири нав омода ва тибқи тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Таҳрири нави лоиҳаи қонун масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолиро танзим намуда, фаъолиятро оид ба истеҳсол, воридоту содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку муайян менамояд. Дар лоиҳаи қонун дар таҳрири нав мафҳумҳои асосӣ, аз қабили тамоку, истифодаи маҳсулоти тамоку, чилим, сигори электронӣ, ҷузъи таркибӣ, борпечи истеъмолӣ, огоҳ кардан оид ба зарари маҳсулоти тамоку, нос ва рег­ламенти техникӣ илова гардидааст.

Ҳамчунин, дар матни қонун воридоти маҳсулоти тамоку, миқдори қатрон ва никотин дар як дона сигарет ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, ҳар як борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку дорои огоҳкунандаи асосии иборат аз 75 фоизи масоҳати умумии ҳар ду тарафро ишғолкунанда мебошад. Борпечматни огоҳкунанда бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз тарафи муқобил бо забонҳои дигар низ ҷойгир карда, оид ба мавҷуд будани пайвастагии заҳрҳо, моддаҳои ба бемории саратон мубталокунанда ва ғайра маълумот ҷой дода мешавад.

Расмҳо ва матни маълумоти асосии огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маҳсулоти тамоку ва мазмуни матни маълумоти иловагӣ оид ба зарари истеъмоли тамоку ва муҳлати иваз кардани онҳо муайян карда шудааст.

Дар матнҳои борпечи истеъмолӣ таассуроти бавуҷудоварандаи бардурӯғ, ба монанди калимаву ибораҳои «дорои миқдори ками қатрон», «сабук», «хеле сабук», «камтаъсир», «экстра», «ултра» ва дар бораи шабоҳати маҳсулоти тамоку бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ) бевосита ё бавосита, дар хусуси он ки гӯё маҳсулоти тамоку таъми маҳсулоти хӯроквориро (иловагиҳои ғизоиро) дорад, инчунин калимаву ибораҳое, ки бевосита ё бавосита маҳсулоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ё растаниҳои доругӣ шабоҳат медиҳанд, манъ карда шудааст.

Манъ намудани фурӯши маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ бо истифодаи дастгоҳи автоматӣ ва дар масофаи на камтар аз 100 метр дуртар аз ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илму маориф ва иттиҳодияҳои динӣ ба лоиҳа ворид карда, синну соли шахсони харидор аз 18-сола боло муайян шуд.

Савдои донабайъи сигаретаву папиросҳо, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку (ба истиснои сигор) бе борпечи истеъмолӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи сифати онҳо манъ карда шудааст. Инчунин, қонуни мазкур истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки маҳсулоти тамокуро иваз (сохтакорӣ) мекунад ва паҳн намудани маҳсулоти тамоку ва сигори электронӣ дар байни аҳолӣ ройгон ё ба ивази ягон мавод, хизматрасонӣ ва ё фурӯши онҳо дар дохили маҳсулоти ғайритамокуро манъ менамояд. Ҳамчунин, дар лоиҳа нигоҳдории маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои фурӯш дар ҷевонҳои маҳкам, ки ба онҳо харидор дастрасии бевосита надорад, муайян карда шудааст. Истифодаи ҳама гуна маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электронӣ, ки дар лоиҳаи қонун дар таҳрири нав илова гардидаанд, дар бино, муассисаҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои динӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет), меҳмонхона ва хобгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, нақлиёте, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва бинову иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ карда шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади ҳифз намудани насли ҳозира ва оянда аз оқибатҳои ба саломатӣ зараровар, инчунин оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии истифодаи тамоку ва таъсири манфии он омода шудааст. Илова бар ин, тибқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз муқаддима, 3 боб ва 10 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку ва бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим намуда, фаъолиятро оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши ин гуна маҳсулот муайян месозад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосии дар қонуни мазкур истифодашаванда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку пешбинӣ шудааст.

Боби дуюм «Танзими фаъолият оид ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ном дорад ва фарогири моддаҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 мебошад, ки он муносибатҳоро дар самти иҷозатномадиҳӣ ва танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку, манъи фурӯши маҳсулоти тамоку, тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда ва тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба танзим медарорад.

Боби сеюм аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани қонунгузории амалкунанда дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли 2017, № 1312 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он 35 пешниҳод манзур карданд, ки аз ҷумлаи онҳо 16 пешниҳод пурра ва шаш пешниҳод қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 3 октябри соли 2017 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонунро баррасӣ намуд. Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба такмили лоиҳа як қатор таклифу эрод пешниҳод гардид. Бо дарназардошти ин, бо мақсади такмили лоиҳа бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2017 № 1396 он ба кумитаи масъул пас гардонида шуд.

Дар ҷаласаи кумитаи масъул 18 октябри соли ҷорӣ таклифу пешниҳодҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд ва дар мувофиқа бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода лоиҳаи қонунтакмил дода шуд.

Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Оид ба ин масъала кӣ савол дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ду савол дорам:

1. Дар кӯчаю паскӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти тамоку бе маълумоти огоҳкунанда ва бидуни риояи талаботи қонунгузорӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Вазорат дар ин самт чӣ тадбир меандешад?

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Вазорати маориф ва илм дар зинаҳои гуногуни таҳсилот чӣ чораҳо андешидаанд, то ин ки истифодаи маҳсулоти тамоку дар миёни наврасону ҷавонон манъ карда шавад.

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА: — Вакили муҳтарам дуруст зикр карданд. Имрӯз дар ҳама ҷо — кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам маҳсулоти тамоку, бе риояи талаботи қонунгузорӣ, бе мутобиқат ба регламенти техникӣ ва бидуни ягон назорат истеҳсолу тайёр ва ба фурӯш бароварда мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки баъди қабули қонун якҷо бо идораҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии «Тоҷикстандарт», регламентҳои техникиро оид ба коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти тамоку ба роҳ монад. То ба имрӯз дар ихтиёри мо ҳуҷҷатҳои меъёрии истеҳсол, коркард ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти тамоку вуҷуд надорад.

Оид ба пешгирии истифодаи тамоку дар байни наврасону ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим қабул ва мавриди амал қарор дорад. Дар асоси ин барнома якчанд курси омӯзишӣ, асосан бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, гузаронида шуданд. Ҳамчунин, як қатор дастурамалҳое низ мавҷуданд, ки ба мавзӯъҳои зарари тамокукашӣ ва бар асари истифодаи тамоку дучоршавӣ ба бемориҳо бахшида шудаанд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: — Оё вазорат барои иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку дар воситаҳои ахбори омма барномаи махсус дорад?

Мирзомуддин КАМОЛЗОДА: — Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тариқи чор шабакаи телевизионӣ оид ба тамоку ва зарари истифодаи он, дучоршавӣ ба касалиҳои гуногун дар натиҷаи истифодаи маҳсулоти тамоку ва монанд ба ин барномаҳо пахш мекунад. Аз ҷумла, вазорат соли 2017 якчанд роликро оид ба дучоршавии аҳолӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ дар натиҷаи истифодаи маҳсулоти тамоку таҳия ва аз тариқи воситаҳои ахбори омма интишор намуд. Кор дар ин самт идома дорад.

РАИС: — Шахси ба истифодаи тамоку одаткарда бо аввалин кӯшиш тарки одат карда наметавонад. Бинобар ин, кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд, ки шахсони ба истифодаи маводи тамоку одаткарда аз ин роҳ баргарданд.

Боз кӣ савол дорад? Ягон нафар оид ба ин масъала сухан кардан мехоҳад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: — Ман пешниҳод дорам: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳоло дар ин самт кори мушаххасро анҷом медиҳад, аз ҷумла, аз тариқи чор шабакаи телевизиони умумидавлатӣ. Дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки бинобар надоштани имконоти молиявӣ ин корро анҷом дода наметавонанд. Агар муаллифони барномаю роликҳо аз ҳаққи муаллифӣ даст кашанд, радио ва телевизионҳои маҳаллӣ низ дар ин кор саҳми муносиб гузошта метавонанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода, М. Шарофиддинова ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳида, мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷашн гирифтани «Иди Сада» ва «Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ» дар рӯзҳои мувофиқ ба нишондиҳандаҳои суннатии ниёгонамон таҳия гардидааст.

Тағйиру иловаҳо моддаи 2 – ро фарогир буда, дар он илова намудани се сархати нав, яъне сархати панҷум бо мазмуни «- Иди Сада – 30 январ;» сархати шасту нуҳум «- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр;» ва сархати ҳафтоду якум «- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр» пешбинӣ гардидааст. Аз сархати шасту ҳафтум хориҷ намудани калимаҳои «ва суд» пешниҳод карда мешавад, зеро тибқи Қарори Иҷлосияи собиқ Комитети Иҷроияи Марказии Шӯрои РСС Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929 Суди Олии РСС Тоҷикистон таъсис ёфтааст (то он давра шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон амал мекард).

Ҳамчунин, дар асоси тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, дар моддаи 2 ҳашт сархат таҳрир ва ду сархат хориҷ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ ва бо мақсади такмил 22 пешниҳод манзур намуданд, ки онҳо пурра ё қисман қабул гардиданд ва дар асоси онҳо лоиҳаи қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ, ҳамчунин матни забони русӣ бо матни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки қаблан лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М. Қаландарзода, М. Шарофиддинова пешниҳод гардида буд, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд.

Лоиҳаи қонун 3-юми октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба такмили он як қатор таклифҳо пешниҳод гардиданд, ки қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаҳои зикргардида мувофиқи банди 301-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд.

Кумитаи масъул 19 — уми октябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ намуд. Дар натиҷа он такмил ёфта, матни русии лоиҳа бо матни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.

Хоҳиш менамоям ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ма­с­ъала ба муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло Бодом дода мешавад.

НОЗАНИНЗОДА Нусратулло Бодом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2017, №9265 (28-5) тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, аз ҷониби онҳо дастгирӣ ёфт.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо муқаррар кардани рӯзи идҳои «Сада» ва «Меҳргон» мебошад, ки аз куҳантарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои мардумии ниёгонамон буда, танзим намудани он дар асоси заминаҳои таърихии баргузорӣ, суннати ҷашн­гирии онҳо аз ҷониби гузаштагон, ки аз рӯйи гардиши мадории Офтоб таъйид шуд, аз нигоҳи илмӣ ба исбот расидааст.

8 — уми октябри соли 2011 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Меҳргон ва 80 — солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.

Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи адлу паймон ва дӯстиву муҳаб­бати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Тақвим дар солшуморӣ дафтари сол аст, ки дар он мавқеи Офтобу Моҳтоб дар бурҷҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар моҳи меҳр Офтоб дар бурҷи Мизон қарор мегирад. Ворид шудан ва баромадани Офтоб ба ин бурҷ як моҳро ташкил мекунад, ки мувофиқ ба 23 сентябр то 23 октябр мебошад. Ниёгонамон ин моҳро меҳр ном карда, 14 — 16 – уми моҳи меҳрро ҳамчун рӯзи Меҳр ва ё Меҳргон ҷашн гирифтаанд, ки ба 15 — уми октябр рост меояд. 15 — уми октябр таъин гардидани Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон рамзист ва мувофиқ ба ҳаракати пайгиронаи низоми гелеосентрикӣ мебошад.

Ҳамчунин, Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсизабон мебошад, ки дар аҳди қадим бо тантанаву шукӯҳи хоса таҷлил мегардид ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шуд.

Маънои луғавии «Сада» аз шумораи сад гирифта шуда, ҷашне аз ҷашнҳои сегонаи кишоварзон мебошад, ки 100 шабу рӯз пеш аз Наврӯз меомадааст, ки ба рӯзи 30 — юми январи солшумории мо рост меояд ва мувофиқ ба нишондодҳои суннатии ниёгонамон мебошад. Бинобар ин, ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мувофиқи мақсад аст.

Аз шумо хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимов Ориф Марифович дода мешавад.

 ҲАКИМОВ Ориф Марифович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Раҳмонзода, А. Дамдор ва О. Ҳакимов бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи имлои забони тоҷикӣ, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо ин мақсад, тибқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 17 модда, 32 қисм ва 34 сархат калимаҳои «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмуриро», «марзиву маъмурии», «марзиву маъмурие» ва «марзӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудиро», «маъмурию ҳудудии», «маъмурию ҳудудие» ва «ҳудудӣ» иваз шуда, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» ҳориҷ ва ба матни моддаи 1 пас аз калимаи «Қонуни» калимаи «конс­титутсионии» илова карда шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 майи соли 2017, №1199 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсиониро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил ҳашт пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо чор пешниҳод пурра ва як пешниҳод қисман қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 13 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти манзургардида баррасӣ ва бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур такмил дода шуд.

23 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба такмили лоиҳа таклифу эродҳо пешниҳод шуданд. Пешниҳодоти мазкур мавриди омӯзиш қарор ёфта, лоиҳа такмил дода шуд.

Хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС:- Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

 Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода, И. Абдуллозода, А. Дамдор ва О. Ҳакимов таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани қонун ба қонунгузории кишвар ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, мутобиқ ба рушди амалияи ҳуқуқӣ, қисми 2 моддаи 4, ки сухан дар бораи афрохтани ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва қисми 3 моддаи 7 дар масъалаи пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2017, №1232 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати такмил 25 пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 16 пешниҳод пурра ва ҳафт пешниҳод қисман қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 13 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди манзургардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва бо дарназардошти пешниҳод ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун такмил ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ