Муҳокимаи парламентӣ

Самараи созишнома. 400 ҳазор нафар бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд

№142 (4404) 23.11.2021

Без имени-1Нуздаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Қодири Қосим гуфт, ки ҳалли масъалаҳои обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар қатори дигар комёбиҳо ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад.

Пешвои миллат борҳо қайд намудаанд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим зарурат ба беҳтарсозии вазъи обтаъминкунӣ ва беҳдошти аҳолии мамлакат ба миён омадааст.

Бино ба гуфи ӯ, масъала дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» низ мадди назар аст.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода доир ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ сухан ронда, аз ҷумла, зикр кард, ки масоили дастрасии оби нӯшокӣ дар деҳот мубрам ба ҳисоб меравад. Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» ва «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» низ таъмини аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ мавқеи хос дорад.

- Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маблағгузор ва институтҳои молиявӣ 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 8 миллиард сомонӣ татбиқ гардиданд. Яке аз онҳо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-ТJ0) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» мебошад, — зикр кард номбурда.

Лоиҳаи зикршуда аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ гардида, барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон равона шудааст. Маблағи умумии он 58 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, татбиқаш солҳои 2019 — 2025 — ро дар бар мегирад.

Барои такмили заминаи ҳуқуқии татбиқи лоиҳаҳо Маҷлиси намояндагон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки механизми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи бахши хусусиро танзим менамояд.

 Бино ба гуфти директори генералии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода, бо вуҷуди анҷом додани корҳои зиёд, қисме аз аҳолии кишвар ба норасоии оби нӯшокӣ мувоҷеҳанд. Айни замон 65,5 дарсади аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд.

Директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ Ҷамшед Сатторзода оид ба татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» маълумот дод. Маълум гардид, ки лоиҳаи зикршуда калонтарин ба ҳисоб меравад, ки баъди аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» аз тарафи Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, зери сарпарастии Ҳукумати мамлакат, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон иҷро мешавад. Мақсади он таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии тозаи ба меъёрҳо ҷавобгӯ бо иқтидорҳои зарурӣ, истифодаи мақсаднок ва оқилонаи оби нӯшокӣ, афзунгардонии иқтидори молиявии корхонаҳои хизматрасон дар минтақа мебошад.

Лоиҳа аз се қисм иборат буда, дар доираи он барқарорсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар ноҳияҳои интихобшуда бо харҷи 51 миллион доллари ИМА, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои рушди институтсионалӣ, такмилдиҳӣ ва баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои обтаъминкунанда бо харҷи 5 миллион доллари ИМА, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти таҳқиқотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нав, мониторингу татбиқи лоиҳаи ҷорӣ ва арзёбии он бо сарфи 2 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа зиёда аз 450 километр шабакаи обтаъминкунанда, иншооти беҳдошт ва утоқҳои гигиенӣ дар 200 муассисаи соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, 150 муассисаи таълимотӣ ва 50 муассисаи тандурустӣ сохта шуда, 400 000 аҳолии ноҳияҳои интихобшуда бо оби нӯшокии хушсифат таъмин мешаванд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Неъматулло Холбойзода, Ғиёсиддин Ашӯрзода, Ғайрат Азиззода, Мансур Усмонзода, Зоир Раҳмонзода, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Сурайё Уроқова, Гулбаҳор Ашӯрзода ва Рустам Латифзода доир ба рафти татбиқи лоиҳа ба масъулин савол дода, барои дар сатҳи беҳтар иҷро кардани он пешниҳод ироа карданд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ