19 майи соли равон бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории (ММҚ) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иҷроия, қонунгузорӣ, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ, олимони соҳа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳмад Раҳимзода мақсад аз баргузории онро таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.
Профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Солеҳҷон Иброҳимов дар мавзӯи «Рушди қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ оид ба адлияи маъмурӣ ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, дар бораи ҷиҳатҳои фарқкунандаи ҳокимияти судии ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар Эстония, дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Суди конститутсионӣ ва ё дигар мақомоти мустақили назорати конститутсионӣ вуҷуд надошта, барои назорати конститутсионӣ соли 1993 Коллегияи судии назорати конститутсионии Суди давлатӣ ташкил ёфтааст.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ Фарҳод Маҳмадшоев дар мавзӯи «Шартномаҳои байналмилалӣ оид ба дӯстӣ ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон» суханронӣ карда, иброз дошт, ки имзои яке аз аввалин шартномаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия (23 майи соли 1993) боиси ба тасвиб расидани беш аз 230 шартномаи дуҷониба гардид.
- Марҳилаи рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ гардида, бо саъйи ҳар ду ҷониб имрӯз ба сатҳи муносибатҳои шарикӣ дар заминаи ҳамёрии стратегӣ расидааст, — гуфт номбурда ва афзуд: — Айни замон муҳтавои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ якранг набуда, маҷмӯи чорабиниҳои таъхирнопазирро дар бар мегирад, ки моҳиятан аз сиёсати «дарҳои кушод» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Аз ин рӯ, кишварҳои зиёде хоҳони барқарорӣ ва густариши равобити дӯстона бо Тоҷикистон ҳастанд.
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Мирзозода таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва ҳокимияти судӣ» ҷалб намуда, ёдрас шуд, ки пойдории давлат, осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвасти ногусастанӣ дорад.
- Судҳои иқтисодӣ ҳам самараи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти дахлдор ба миён омадаанд, — илова кард П. Мирзозода.
Дар ҷамъомад, инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзалӣ Идиев оид ба аҳамияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши конвенсияҳои Вена дар муносибатҳои дипломативу консулӣ ва ғайра изҳори назар намуданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»