Семинар - машварати омӯзишӣ

Санади меъёрии ҳуқуқӣ. Шарти муҳими эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани он кадом аст?

№46-47 (4308-4309) 13.04.2021

DSC_84098 апрели соли равон бо ибтикори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» семинар — машварати омӯзишӣ доир шуд.

Дар оғоз муовини якуми роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ғайратшоҳ Тағойзода дар бораи ҳадаф ва муҳтавои семинар ба ҳозирин маълумот дод. Сипас, корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Соима Бобобекова иброз намуд, ки таҳия, қабул, интишор ва мурраттабсозии санади меъёрии ҳуқуқӣ барои низоми ҳуқуқии ҳар як давлат муҳиманд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки  ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама, ба сифати қонунҳо, фаъолияти пурсамари парламент, маҳорати касбӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ вобаста мебошад.

Дар идома нотиқ қайд намуд, ки бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 қабул гардида, он аз 8 бобу  54 модда иборат буд.

Маротибаи дуюм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 8 декабри соли 2003 дар  таҳрири нав қабул гардид, ки 11 боб ва 81 моддаро дар бар мегирифт.

Бори сеюм  қонуни мазкур соли 2009 дар таҳрири нав қабул шуда, аз 11 боб ва 78 модда иборат буд.

Бо тағйир ёфтани муносибат дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 аз эътибор соқит шуда, қонуни нав қабул гардид.

Қонун  аз 12 боб ва 96 модда иборат буда, муносибатҳоеро муайян менамояд, ки предмети батанзимдарории он мебошад. Ба онҳо танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқӣ дохил мешаванд. Дар қонун хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайра муайян мешаванд.

Дар сархати якуми моддаи тафсиршаванда мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шудааст. Тибқи он, санади меъёрии ҳуқуқӣ — ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ё бекор мекунад

DSC_8399Соима Бобобекова шарҳ дод, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо уҳдадоранд, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Мақомоти мазкур нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 қонуни мазкур пешбинишударо пеш мебаранд ва сари вақт ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин менамоянд.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагон қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Баъдан он барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мегардад, ба истиснои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати қобили қабул будан қонуни аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардидаро бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ он ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро такроран баррасӣ менамояд.

Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдориёфта барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун ё қисме аз он розӣ набошад, онро дар понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бармегардонанд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар мавриди баррасии такрорӣ, агар қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти овозҳо (аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон) дастгирӣ ёбад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва он интишор мешавад.

- Шарти муҳими эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ё баимзорасида, аз ҷумла, қонун, интишори расмии он мебошад, — гуфт дар фарҷом Соима Бобобекова.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ