Семинаре, ки 11 майи соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ба мавзӯи «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд.
Муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров иброз дошт, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро кафолат медиҳад.
- Масъалаи интизоми меҳнат дар корхонаҳои давлатӣ бояд дар мадди назар бошад, — гуфт Қобилҷон Абдуқодиров. — Зеро дар марҳилаи кунунӣ арзишҳои миллӣ аҳамияти хос пайдо намудаанд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли ҷомеа ҳисобида мешавад. Рушди имрӯзу фардои кишвар ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, сатҳи маълумот ва маърифати онҳо вобаста аст.
Номбурда зикр намуд, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи кории аз 5 июни соли 2013 таъсисдода дар таҳрири нав таҳия ва 23 июли соли 2016 қабул гардида, аз 6 фасл, 41 боб ва 366 модда иборат аст. Дар он паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ, махсусан муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи меҳнат ба эътибор гирифта шудааст.
Қ. Абдуқодиров зимни шарҳи бобҳои алоҳидаи кодекси мазкур дар бораи шартномаи меҳнатӣ, интизоми меҳнат, вақтҳои корӣ ва истироҳат, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисосу таҷрибаомӯзии кормандон, бакортаъминкунӣ, бамеъёргирии меҳнат, кафолат ва ҷубронпулиҳо маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки донистани қоида ва меъёрҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи тахассусии пешниҳодшаванда ба корманд ба ҳисоб меравад ва дар дастурамали вазифавӣ (мансабӣ) — е, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, қайд мегардад.
- Мо боварӣ дорем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муваффақ гардида, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем шуд, — гуфт дар анҷом Қобилҷон Абдуқодиров.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ