Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Сатҳи хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳри Кӯлоб беҳтар хоҳад шуд

№65 (4327), 66 (4328) 18.05.2021

DSC_0002Чордаҳуми майи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ ­масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Э. С.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Насриддинзода Э. С.»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Насриддинзода Э. С.»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Насриддинзода Э. С.»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идизода Ф. Ф.»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»

9. Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб».

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Э. С.» шурӯъ менамоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Насриддинзода Э. С.» мегузарем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Насриддинзода Э. С.» мегузарем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Насриддинзода Э. С.» мегузарем.

Ягон пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Вакилони арҷманд, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҳамчун вакил дар даъватҳои панҷум ва шашум дар самти намояндагӣ, рушди қонунгузорӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоён анҷом додаанд. Итминон дорем, ки аз уҳдаи иҷрои вазифаи нави пур­масъул ва серталаб низ сарбаландона баромада, ҳамкориро бо Маҷлиси намояндагон идома медиҳанд.

Сипас, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон сарфароз гардонида шуд.

РАИС: — Хизматҳои Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, инчунин, аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо Сипоснома қадрдонӣ гардидааст.

Раиси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода ба Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин Сипоснома супурд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.» шурӯъ менамоем.

Бинобар сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Холиқзода Абдураҳим Ғафор тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Идизода Файзалӣ Фузайлшо дода шуд.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Тибқи талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вакили тозаинтихоб ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.  Марҳамат.

Идизода Файзалӣ Фузайлшо ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.» мегузарем.

Ягон пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идизода Ф. Ф.» шурӯъ менамоем.

Ягон пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дода мешавад. Марҳамат.

Шермуҳаммад ШОҲИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо мақсади татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» таҳия гардидаст. Мақсад аз пешниҳоди он таъмини принсипи конститутсионии ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии шаҳрвандон, намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо мебошад.

Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 26 модда иборат аст. Боби 1 аз 8 модда иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба мафҳумҳои дар ҳамин қонун истифодашаванда, доираи амали қонун, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, принсипҳои дастрасӣ ба иттилоот, маҳдудиятҳо ва тарзҳои дастрасӣ ба иттилоот, шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо пешбинӣ гардидаанд.

Муқаррар шудааст, ки ба мафҳуми иттилоот оид ба фаъолияти судҳо иттилооте дохил мегарданд, ки судҳо дар доираи салоҳияташон омода кардаанд, қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои мушаххас ва санадҳои дигаре, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд.

Дар моддаи 2 муқаррар шудааст, ки доираи амали қонун ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба дастрасии истифодабарандаи иттилоот оид ба фаъолияти судҳо вобастаанд. Тибқи қисми 2 моддаи мазкур, агар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳоди иттилоотро пешбинӣ намояд, муқаррароти қонуни мазкур бо дарназардошти талаботи он татбиқ мегардад.

Боби 2 лоиҳаи қонун масъалаҳои ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва талабот ҳангоми амалӣ намудани онро пешбинӣ кардааст. Тибқи ин меъёрҳо, ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба доираи ваколати судҳо дохил шуда, раиси суд бо ҳамин мақсад шахси ваколатдорро таъин намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолият бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сомонаҳоро бо нишон додани суроғаҳои электронӣ, ки аз тариқи онҳо дархост ирсол кардан мумкин аст, ташкил менамоянд, ки ин муқаррарот дар моддаи 10-и лоиҳаи қонун пешбинӣ карда шудааст.

Дар моддаи 11 лоиҳаи қонун талабот ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо пешбинӣ шудааст, ки тибқи он, бояд иттилооти пешниҳодшаванда саҳеҳ бошад, муҳлат ва тартиби пешниҳоди он риоя гардад ва аз иттилооти пешниҳодшаванда маълумоте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд аст, хориҷ карда шавад.

Боби 3 лоиҳаи қонун пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо номгузорӣ шуда, дар он тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот оид ба фаъолияти ­судҳо, ҷойгир кардани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо, ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо муқаррар гардидааст. Ҳамчунин, дар ҳамин боб дархост намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот, инчунин, асосҳое, ки имконияти пешниҳод намудани иттилоотро истисно менамоянд, пешбинӣ шудааст.

Тибқи моддаи 12-и лоиҳаи қонун шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ метавонанд дар мурофиаҳои ошкорои судӣ иштирок намуда, рафти маҷлиси судиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намоянд. Азбаски тартиби сабти ҷараёни маҷлиси судӣ бо кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра ба танзим дароварда шудааст, дар қисми 2-и ҳамин модда дарҷ гардидааст, ки тартиби иштироки шахсони дар қисми 1-и ҳамин модда зикргардида дар толори маҷлиси судӣ ва бинои судҳо бо қонунҳо ва дигар санадҳое, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки на ҳама иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад. Аз ҷумла, маълумот оид ба парвандаҳои дорои сирри давлатӣ, сирри тиҷоратӣ ё сирри дигаре, ки қонун ҳифз менамояд, бо риоя намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо ва иттилооте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд мебошад, нашр карда намешаванд.

Инчунин, дар моддаи 13-и он муқаррар шудааст, ки интишор намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» амалӣ мегардад, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар моддаи 14 лоиҳаи қонун ҷойгир кардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар сомонаи ­судҳо номбар гардидааст. Пешбинӣ шудааст, ки дар сомонаи судҳо иттилооти зерин ҷойгир карда шаванд: иттилооти умумӣ дар бораи суд, иттилооте, ки бо баррасии парванда дар суд алоқаманд мебошанд, маълумоти омории судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоот оид ба масъалаҳои кадрии суд.

Дар асоси қисми 2 моддаи мазкур Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, дар баробари иттилооти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда, мувофиқан дар сомонаҳои худ маълумотро оид ба низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир менамоянд.

Дар моддаи 15 лоиҳаи қонун хусусияти интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо пешбинӣ шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳим дар самти гирифтани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо пешниҳоди дархост ба ҳисоб меравад.

Шакли муроҷиат ва тартиби ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро моддаи 18-и он муқаррар намудааст.

Дархост дар судҳо бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар моддаи 19 лоиҳаи қонун асосҳои истиснокунандаи имконияти пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба танзим дароварда шудааст. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолатҳои зерин иттилоот пешниҳод карда намешавад, агар:

- дархост носаҳеҳ буда, пешниҳод намудани иттилооти дахлдорро оид ба фаъолияти судҳо ғайриимкон гардонад;

- дар дархост талаботи қисми 2 моддаи 18 қонун риоя нашуда бошад;

- иттилооти дархостшуда ба иттилооти дастрасиаш маҳдуд мансуб бошад;

- иттилооти дархостшуда амалишавии адолати судиро халалдор намояд;

- пешниҳоди иттилооти дархостшуда таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судиро халалдор созад;

- иттилооти дархостшуда қаблан ба истифодабарандаи иттилоот дастрас шуда бошад;

- дар дархост масъалаи шарҳи меъёри ҳуқуқ, тавзеҳи татбиқи он, баҳодиҳии ҳуқуқии санадҳои судӣ ё иҷро кардани кори дигари иттилоотие, ки бевосита ба ҳуқуқу уҳдадориҳои дархосткунанда алоқаманд намебошанд, гузошта шуда бошад.

Инчунин, тибқи қисми 2 моддаи мазкур, судҳо метавонанд иттилоотро аз рӯи дархост пешниҳод накунанд, агар он иттилоот дар воситаҳои ахбори омма ва қаблан дар сомонаи судҳо нашр гардида бошад.

Боби 4 лоиҳаи қонун аз 2 модда иборат буда, мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма ва муайян кардани намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаро муқаррар менамояд. Аз ҷумла пешбинӣ гардидааст, ки ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади иттилоотонии воқеӣ ва саҳеҳ оид ба фаъолияти судҳо бо шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- дастрасии озодонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба бино ва сомонаи судҳо, инчунин, ҳузур доштани онҳо дар мурофиаҳои ошкорои судӣ;

- пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аз рӯи дархости воситаҳои ахбори омма;

- инъикоси иттилоотонии фаъолияти судҳо, аз ҷумла масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти зикргардидаро танзим менамояд:

- иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳои якҷояи судҳо;

- шаклҳои дигари ҳамкорие, ки ба фаъолияти судҳо тибқи қонунгузорӣ мухолифат намекунад.

Намояндаи расмии суд ҷиҳати ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма раиси суд ё шахсе мебошад, ки аз ҷониби раиси суд ваколатдор гардидааст.

Лоиҳаи қонун ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикис­тон эътирофшуда мутобиқ буда, тат­биқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия ва пешниҳод шудааст. Асос амалӣ намудани «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» мебошад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, он мафҳумҳои асосӣ, доираи амали қонун, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо, маҳдудиятҳо, тарзҳо, шаклҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, пешниҳоди иттилоот, ҳуқуқ ва уҳдадорииҳои истифодабарандаи иттилоотро дар бар мегирад.

Боби дуюм ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва талабот ҳангоми амалӣ намудани онро мушаххас намудааст.

Боби сеюм пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дар бар гирифта, он тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро ба роҳи иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот, ҷойгир намудани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо, ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо, иттилооте, ки дар бойгонӣ вуҷуд дорад, инчунин, дархости иттилоот аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот, инчунин, моддаи охирини ин боб асосҳое, ки имконияти пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро истисно мекунад, пешбинӣ шудааст.

Боби чоруми қонун ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма буда, он мақсад ва шакли ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма, намояндаи расмии судҳо оид ба ҳамкориро муқаррар намудааст.

Боби панҷум ба ҳифзи ҳуқуқ ва назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бахшида шудааст.

Боби ҳафтум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.

Вакилони арҷманд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2021 таҳти №566 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Баҳри такмили он 142 таклифу пешниҳоди вакилон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, меъёри муқаддима, банди 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 2, қисми 2 моддаи 5, қисмҳои 5 ва 7 моддаи 6, моддаи 7, қисми 2 моддаи 8, моддаи 10, қисми 4 моддаи 11, қисми 2 моддаи 12, қисми 1 ва қисми 5 бандҳои 3 ва 5 моддаи 15, бандҳои 1 ва 3 моддаи 16, қисми 2 моддаи 18, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 20, моддаҳои 22 ва 23 такмил ва дар таҳрири нав пешниҳод шуда, аз лоиҳа қисмҳои 3 ва 4 моддаи 2, қисмҳои 2, 3, 4 моддаи 7, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 10, банди 5 моддаи 11, банди 2 зербандҳои г, д, ё, ж (сархатҳои 5,6,7,8) ва қисми 3 моддаи 14, ҷумлаи 3 қисми 3 банди 8 қисми 5 ва қисми 6 моддаи 15 хориҷ карда шуданд. Дар умум, аз таклифу дархостҳои пешниҳодшуда 79 таклиф қабул, 34 таклиф қисман ва 29 таклиф қабул нашуд, ки ҳама барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонун ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудан равона гардидаанд.

Ҳамчунин, дар рафти баррасии лоиҳаи қонун таклиф ва пешниҳодҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода М. М. баҳри такмили он пурра қабул карда шуданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи Кумитаи масъул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарият, ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои ҳуқуқ ва тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукаммал гардонидани лоиҳаи пешниҳодгардида изҳори миннатдорӣ менамоям.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти ­судҳо» ба талаботи моддаҳои 1,10, 14,17,30 ва боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», кодексҳои мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва зарурияти батанзимдарории ҳуқуқии масъалаҳои дарҷгардида, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА:

- Бояд гуфт, ки қариб дар тамоми моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бори дигар озодии сухан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст. Ба муроҷиаткунандагон дастрасии иттилоот аз бойгонӣ озод буда, ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ низ пешниҳод мегардад. Омӯзиши фаъолияти судҳо дар асоси сарчашмаҳои судӣ озод аст. Ҳамчунин, дар мурофиаҳои судӣ иштироки шаҳрвандон озод буда, маълумот оид ба парвандаҳои судӣ ва санадҳои қабулгардида сари вақт пешниҳод мегардад.

Иштироки намояндагони ВАО дар нишастҳои матбуотӣ низ гувоҳи давлати демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистон мебошад. Аз ин хотир, муҳтарам вакилон, хоҳишмандам ин санади муҳимро, ки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пайванди ногусастанӣ дорад, ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Аз қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» панҷ сол гузашт ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» баҳогузорӣ карда шуд. Баъзе аз ҳадафу вазифаҳое, ки бо мақсади ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ пешниҳод шуда, бо сабабҳои объективию субъективӣ ҳалли худро наёфта буданд, дар «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025» дар ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуда истодаанд. Дар он таҳияи «Стратегияи рушди низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2030» масъалагузорӣ карда шудааст.

Дар банди 614-и ҳуҷҷати зикршуда, ки «Ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ» ном дорад,  чунин вазифаҳо масъалагузорӣ шудаанд:

- ташкилдиҳии сохтори судҳо ва тақвият додани фаъолият оид ба  ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

Дар банди 616 бошад, масъалаҳои зерин пешниҳод шудаанд:

- тақвият додани адолати судӣ, таҳияи феҳристи электронии санадҳои судӣ  ва дастрасӣ ба иттилооти судӣ;

- идома додани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии низом ва шаклҳои дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, таъмини дастрасӣ  ба иттилооти судӣ ва ғайра;

- ҷорӣ намудани расмиёти содаи пешниҳоди шикоят ва даъво ба суд дар шакли электронӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ.

Дар ин радиф қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, беҳ намудани робитаҳои мақомоти судӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини шаффофияти қабули санадҳои қонунӣ, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба фаъолияти судҳоро таъмин менамояд.

Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар парлумон  лоиҳаи қонуни баррасишавандаро пурра дастгирӣ менамояд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Шарифҷон ҲАКИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар низоми ҳуқуқии мамлакат ҳамчун санади нави қонунгузорӣ падидаи нав буда, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии кишвар нақши муайян мегузорад.

Пайдост, ки лоиҳаи ин қонун аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон асос ёфта, кафолатҳои конститутсиониро дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ менамояд.

Лоиҳаи қонун муносибатҳои нави ҷамъиятиро дар мавриди иртиботи бевоситаи ҷомеа ба фаъолияти мақомоти судӣ ва ташкили заминаҳои воқеӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба фаъолияти яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ танзим намуда, барои фаъолияти шаффоф ва сифатноку самаранок дар соҳа мусоидат мекунад.

Лоиҳаи қонуни номбурда гарчанде самтҳои мушаххаси фаъолияти мақомоти судиро танзим мекунад, ҳамчунин, бо санадҳои дигари қонунии мамлакат, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» иртиботи ногусастанӣ дошта, дар амалӣ гардидани муқаррароти дахлдори онҳо заминагузорӣ менамояд.

Воқеан, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо мақсади таъмини шаффофият ва ошкоро баргузор гардидани мурофиаҳои судӣ, густариши равобити мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, дар сатҳи сифатан нав ва мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани сомонаҳои судӣ, таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти судӣ ҳангоми фаъолият ва фароҳам овардани шароит дар мавриди дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонун тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кумитаю масъулон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ низ ҷиҳати омӯзиш ва пешниҳоди хулоса ирсол гардид. Кумита онро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ ва омӯзиш  қарор дода, ҷиҳати такмил 15 таклифу андеша пешниҳод намуд, ки аксари онҳо ҳангоми баррасӣ дар ҷаласаи кумитаи масъул қобили қабул дониста шуданд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни зикршуда саривақтӣ ва тақозои замон буда, ба рушду таҳкими низоми ҳуқуқии мамлакат мусоидат мекунад.

Бо дарназардошти ин аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонуни мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон боб ба боб ва ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» шурӯъ мекунем.

Аз рӯи он сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф МАҶИДӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 7,5 млн. евроро ташкил дода, он бо мақсади барқарорсозии истгоҳҳои обкашӣ, иншооту ҳавзҳои обтозакунӣ ва таҷдиди шабакаҳои обгузар, инчунин, таҳвил ва насби ҳисобкунакҳои об дар шаҳри Кӯлоб ҷалб карда мешавад.

Дар баробари ин, аз ҷониби бонки мазкур барои омода намудани мушаххасоти лоиҳа 1,35 млн. евро ҳамчун кумаки техникӣ ҷудо карда мешавад.

Маблағҳои қарзии зикршуда ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 соли муҳлати имтиёзнокӣ пешбинӣ шуда, хизматрасонии он бо меъёри EURIBOR + 1% амалӣ карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 15,0 млн. евроро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 7,5 млн. евро ва маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо, ки тавассути Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалб карда мешавад, амалӣ мегардад.

Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти манзуршуда, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ЛАТИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 2 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Дар доираи татбиқи он беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳри Кӯлоб, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ кардани низоми устувори фаъолияти соҳа, инчунин, таҳкими иқтидорҳои корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии хатҳои обгузар ва шабакаҳои таъмини об;

- сохтмон ва барқарорсозии обанборҳо;

- сохтмон ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии барориши дуюм ва сеюм;

- таҳқиқоти гидрогеологӣ;

- системаи назорати автоматикӣ;

- моделсозии гидравликии шабакаҳои обрасон;

- сохтмон ва барқарорсозии коллекторҳо ва шабакаҳои корезӣ;

- хариди техникаи махсус, таҷҳизот ва обченкунакҳо.

Дар назар дошта шудааст, ки бо татбиқи лоиҳа сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар гардида, шумораи истифодабарандагони оби тоза то 25 ҳазор нафар зиёд мегардад.

Созишномаи зикршуда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 майи соли соли 2021 таҳти № 659 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Нисбат ба он дар асоси қарори Шӯро ва мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон тамоми расмиёти дахлдор татбиқ карда шуда, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 11 майи соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба талаботи моддаҳои 57, 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 6, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо – вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қарор вобаста ба ­масъалаи мазкурро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС:Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ