Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд...

Сатҳи некуаҳволии занон ба саводнокии онҳо вобастагӣ дорад

№135 (3929) 10.11.2018

Занон қисми зиёди аҳолии дунёро ташкил менамоянд, аммо дар миёни муҳаққиқони ҷаҳон ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳанд. То ин дам Ҷоизаи байналмилалии Нобелро дар соҳаи илм занон нисбат ба мардон 3 фоиз  камтар сарфароз гардидаанд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ТҲИР) ва Бонки ҷаҳонӣ, дар бисёр давлатҳои олам сатҳи саводнокии занон аз мардон пасттар аст, ки ин омил барояшон то андозае истифодаи таҷҳизоти муосир ва дастрасӣ ба хизматрасонии молиявиро маҳдуд мегардонад ва ба сатҳи некуаҳволии онҳо бетаъсир намемонад.

Барои мисол, занон дар Афғонис­тон мақому манзалати шоиста надоранд, ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун шаҳрванд эътироф ва эҳтиромашон ба таври зарурӣ ба ҷо оварда намешавад.Дар моддаи 23-и Конститутсияи Афғонис­тон, ки соли 2004 қабул гардидааст, муқаррар шудааст, ки «мардону занон баробарҳуқуқанд ва дар назди қонун ҳар гуна поймолкунии ҳуқуқ манъ аст». Аммо директори Иттиҳоди хайрхоҳони «Medical Afghanistan» Умайра Расулӣ назари дигар дорад:

- Имрӯзҳо мақоми Конститутсия дар ҳаёти занони афғон тақдир шуда наметавонад. Тақдири занони афғон тибқи  Конститутсия ба ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо танҳо дар қоғаз тағйир дода шудааст, — мегӯяд ӯ.

Беҳуқуқии занро мо дар мисоли ваҳшиёна куштани афғондухтари ҷасур Фархунда низ дидем.

Вале, хушбахтона, имрӯз қонунгузорӣ дар Тоҷикистон мавқеи занро дар ҷомеа ба сатҳе бардоштааст, ки дар ҳеҷ давру замон мушоҳида намешуд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар 20 соли охир барномаҳои зиёди давлатӣ татбиқ гардиданд. Тавре Пешвои миллат қайд намуданд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар, ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад».

Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбуд бахшидани шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар мадди назари Сардори давлат қарор дошт ва бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ дар ин ҷода корҳои назаррас анҷоми дода шуданд. Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар  солҳои 1999-2005» (аз 10 сентябри соли 1998, №363), «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2001-2010» (аз 8 августи соли 2001, №391) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан  дар ҷомеа» (№5 аз декабри соли 1999) ба тасвиб расиданд.

Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид, ки барои рӯи кор омадани даҳҳо санади дигари марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гузошт. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» шумораи зиёди занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ шуданд. Имрӯз шумораи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 13 ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 ҳар сол 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷудо мешавад. Баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2008 «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2008 – 2010» барои занони соҳибкор имкониятҳои бештар фароҳам омад. Натиҷаи лоиҳаҳои татбиқшуда буд, ки занони тоҷик дар таъсиси коргоҳҳои хурду бузург ҷиҳати пешрафти соҳаи кишоварзӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ -  қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ имрӯз фаъолона ширкат меварзанд ва дар ташаккули иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми сазовор мегузоранд.

Наргис Раҳмонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти бо номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ