Дар бораи Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёҳат Дадаҷонова роҳбарӣ мекунад, иншои мақоларо кайҳо боз мақсад доштам ва нияти хешро ба ӯ рӯзе, ки ба ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ омад, изҳор кардам.
Ҳарчанд он шабу рӯз ҳаво тағйирёбанда буду табиат ҳар лаҳза инҷиқӣ мекард (аз ҳудуди шаҳраки Мирзо Турсунзода дарёи Элок равон аст ва ҳар сол баҳорон пуробу сел шуда, ташвиши аҳолиро бештар месозад), бо ӯ ба мувофиқа расидем.
- Раиси ҷамоат рӯзҳои боронӣ ба деҳаҳое меравад, ки аз васаташон ё паҳлуяшон дарёи Элок ҷорӣ аст. Аз вазъ воқиф гардида, баҳри бартараф кардани оқибатҳои офат дастур медиҳад ва баъди хотирҷамъ шудан ба идора меояд. Баҳори имсола низ сатҳи оби дарё баланд асту ҳар лаҳза хавфи аз соҳил баромадан таҳдид мекунад, — маро пешвоз гирифта, гуфт котиби ҷамоати шаҳрак.
…Элок туғён дошт. Гумон мекардӣ марзро канда, фурӯ мебарад.
- Ҳар баҳори мо ҳамин хел оғоз меёбад, махсусан агар боришот зиёд бошад. Бинобар ин, сокинони деҳаҳо, роҳбарони хоҷагиҳо ба боришоти зиёду дар натиҷаи он омадани сел ҳамаҷониба омода мешаванд. Мутаассифона, на ҳамеша муяссар мегардад, ки аз зарар эмин монем. Шукрона, сокинони шаҳраку деҳаҳо ба кумаки ҳамдигар мешитобанд, — иброз дошт Саёҳат Дадаҷонова ҳангоми рӯ ба рӯ шудан дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрак, ки заминҳояш ба соҳили Элок наздик ҷойгир буд.
- Гурӯҳи одамоне, ки мебинед, сокинони деҳаҳои соҳилҳои дарё ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ки бо навбат аз оби дарё хабар мегиранд. Дар лаҳзаи зарурӣ якдигарро огоҳ намуда, ба кумак мешитобанд.
Суҳбат бо раиси ҷамоат дар ситоди муваққатии мубориза бо сел идома ёфт.
- Ҳоло айёми нигоҳубин ва коркарди киштзору боғот аст. Аввали сол дар назди ҷамоати шаҳрак ситоди ободонӣ ва кабудизоркунӣ таъсис додем. То ин дам беш аз 450 ниҳоли дарахти мевадиҳанда, беш аз 2000 бех гули мавсимӣ ва зиёда аз 1000 дона ниҳоли дарахти сояафкан шинонидем. Илова бар ин, ҳайати ситод якҷо бо роҳбарони корхонаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва сокинони шаҳрак ҳар ҳафта рӯзҳои шанбею якшанбе ҳашари ободонию сабзазоркунӣ ташкил менамоянд, — гуфт Саёҳат Дадаҷонова. — Дар ҳудуди шаҳрак 184 гектар замин мавҷуд буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ (96 адад) ба истифодаи оқилона ва самараноки замин, ки асосан обӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳосилнокии зироати киштаи деҳқонон ҳар сол зиёд шуда, ҳосили фаровони ғалла, картошка, сабзавот ва мева аз боғот ба даст меояд. 35 гектар гандум, 45 гектар картошка, 60 гектар сабзавоти имсол киштшуда низ хуб нашъунамо дорад ва аз ҳосили хуб дарак медиҳад. Боғоти воқеъ дар деҳаҳои Турдиев ва Румӣ ҳам назар ба як соли пеш серҳосиланд. Фасли зимистон дар гармхонаҳо сабзавоти тару тоза — бодирингу помидор ва кабудиҳои гуногун парвариш ёфта, ба сокинони пойтахт ва ноҳияҳои атроф дастрас шуд.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ ба кишти такрории зироат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва аз заминҳои дар ихтиёрдошта на кам аз ду ҳосил ба даст меоранд.
Ҳарчанд ҷамоати мо шаҳрак ном дорад, мардуми он асосан бо замин сарукор доранд ва аз 94 сардори хоҷагии деҳқонӣ 24 нафараш зананд. Мо дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ «Дар бораи андозҳои маҳаллӣ ва меъёрҳои он» аз ҳисоби кормандони ҷамоат, намояндаи нозироти андоз ва раисони кумитаи маҳаллаҳо комиссия таъсис додем, ки онҳо дар ҳашт маҳаллаи шаҳрак корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба сиёсати андоз ва андозситонӣ ба иҷро мерасонанд. Дар натиҷа, солҳои охир нақшаи ҷамъоварии андоз дар ҷамоат иҷро мешавад.
Аз суҳбат бо раиси ҷамоат, ҳамчунин маълум гардид, ки дар деҳот панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5190 толибилм фаъолият доранд. Коллеҷи тиббӣ низ фаъолият мекунад ва 1300 донишомӯзро фаро гирифтааст. Дар ду муассисаи томактабӣ 200 кӯдакро 30 омӯзгору кормандони дигар таълиму тарбия медиҳанд.
Саломатии аҳолӣ боигарии давлат аст. Се беморхона, ду дармонгоҳ ва ду бунгоҳи тиббӣ дар хизмати сокинонанд. Соли 2014 муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ» дар назди ҶДММ «Нури тиб» ба фаъолият оғоз намуд. Яке аз ду бунгоҳи тиббии навро соҳибкор Ғанӣ Холов дар деҳаи Турдиев аз пасандоз бунёд намудааст, ки аз се ҳуҷраи табобатӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошад ва ба сокинони чор деҳаи шаҳрак хизмат мерасонад. Рӯзҳои наздик соҳибкор аз деҳаи Элок Рустам Бобоев низ бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданист.
Риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мебошад. Инро сокинони шаҳрак дуруст дарк намудаанд ва дар давоми беш аз даҳ соли амали қонун баҳри риояи он мекӯшанд. Дар семоҳаи аввали соли равон бе қонунвайронкунӣ доир шудани 48 тӯйи домодию арӯсӣ ва 15 маросими азодорӣ шаҳодати ин гуфта мебошад.
Дар масҷиди ҷомеъ ва ҳафт масҷиди панҷвақта имомхатибон аз хусуси фарҳанги исломии саршор аз ғояҳои эҳсону накукорӣ, одоби муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстон, ғамхорӣ ба беморону нотавонон, зикри хайри гузаштагон таъкид менамоянд, ки ислом сарчашмаи адаб, панду насиҳат, илму маърифат ва тарғиби некию накукорӣ мебошад.
Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода дар маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи пешоҳангон мебошад. Мулоқот бо даъватшавандаҳо, ҳамкорӣ бо падару модарон ва як силсила тадбирҳои дигар боиси пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъват мебошад.
- Бо қарори раиси ноҳия марти соли 2018 «Сад рӯзи ободонӣ» эълон шуд. Баҳри иҷрои он сокинони шаҳрак ва корхонаю ташкилот ҳар ҳафта рӯзҳои шанбею якшанбе ҳашари умумӣ доир мекунанд. Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Элок ва Косибон 260 метри ҷӯйбори калоне, ки тавассути он ба деҳаи Румӣ об мерафт ва солҳои охир рӯйи обро надида буд, аз лойқа тоза карданд. Дар маҳаллаи Турдиев дар масофаи 150 метр қубури бетонӣ хобониданд. Дар деҳаи Истиқлол қариб як километр роҳи мошингард мумфарш шуд. Бо дастгирии раиси ноҳия тӯли 15 рӯз техникаи пуриқтидор 300 метр маҷрои дарёи Элокро аз қуму шағал тоза кард. Дар натиҷа, соҳилҳо хеле мустаҳкам шуд ва 6500 ниҳоли беди он ҷо шинонида бошад, ба мустаҳкамшавии минбаъдаи соҳилҳо мусоидат менамояд. Соли гузашта аксияи «Тозагии соҳил» гузаронидем ва 1500 иштирокчии он соҳили дарёҳои Кофарниҳону Элокро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин, соҳибкорони алоҳида бо ҷудо кардани маблағ ва масолеҳи сохтмонӣ дар озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо саҳми муносиб мегузоранд, — идома дод суханашро раис.
- Дар ҳудуди шаҳрак, аз ҷумла дар маҳаллаи Коргар, хонаҳои баландошёна мавҷуд буда, солҳои тӯлонӣ ба ошёнаҳои боло об намебаромад. Тариқи ҳашар ва ҳиссагузории сокинон қубурҳои нав насбу васл гардид ва дар натиҷа сокинони ошёнаҳои боло ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Дар ҳудуди деҳот 285 маъюби дараҷаҳои 1, 2 ва 3, чор ятими кул ва 23 оилаи камбизоат бо ғамхорӣ ва дастгирии доимӣ фаро гирифта шудаанд. Ҷамоати шаҳрак, корхонаю ташкилот, идора ва соҳибкорон ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ин гуна дастгириҳо махсусан дар ҷашну идҳо, аз қабили Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, идҳои Рамазону Қурбон бештар мешаванд.
Аз суҳбат бо Саёҳат Дадаҷонова чунин бардошт ҳосил шуд, ки фаъолияти кормандони Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ баҳри амалӣ гардидани муқаррароти қонунҳо, татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, роҳандозӣ шудааст.
Саёҳат Дадаҷонова бо ифтихор мегӯяд:
- Ба ман сокинони шаҳрак эътимод доранд. Биноан, лозим аст тамоми донишу малакаро барои сазовор шудан ба боварии онҳо истифода намоям.
Абдумаҷид МУРОДОВ,