- Айни замон дар кишвар 65 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дорад, — иттилоъ дод сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Файзуллозода, 8 апрели соли 2022 зимни семинари машваратӣ, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид ва дар он намояндагони вазорати зикршуда иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақоми ваколатдор буда, барномаҳоро, бо дарназардошти ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 — 2025» ва Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди мониторинг ва арзёбӣ қарор медиҳад.
Илова бар ин, бо мақсади мутобиқ намудани барномаҳои нави рушд ба тартиби номбурда ва ҳамоҳанг сохтани онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷиҳати расонидани ёрии методӣ дар таҳияи барномаҳои нави рушд ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, ба мутахассисони мақомоти маҳаллӣ доир ба таҳияи барномаҳои рушди маҳал кумаки методию машваратӣ мерасонанд.
- Мақсади асосии барномаҳои қабулгардида таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар асоси коркарди маҳсулоти саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад, — гуфт Ф. Файзуллозода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон