18-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия семинар-машварат оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар он раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар семинари мазкур масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар фазои ИДМ, мушкилоти таъминоти илмию технологии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муайян намудани таҷрибаҳои беҳтарини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва имкони густариши онҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатӣ, ҳамкории байналмилалӣ, танзими ҳуқуқии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъсиси системаи маблағгузории лоиҳаҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои он, андешидани тадбирҳои пешгирикунанда, нигоҳдории экосистемаи кӯҳӣ ва муҳити зисти аҳолии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои семинар тавсияҳо ба унвони АБ ИДМ ва кишварҳои муштаракулманофеъ таҳия карда мешавад.