Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

«Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» ба «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» иваз мешавад

№69 (4652) 24.05.2023

DSC_312024 – уми майи соли соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Имкон фароҳам шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Абдулмаҷид Мубин, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» Хол Карим ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатся Музафарҷон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музафарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Хайрулло, Б. Аҳмадзода, М. Маҳмудзода, П. Шодизода ва А. Ғаффорзода бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта дар қонуни амалкунанда, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу мукаммал гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳо ба талаботи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Бо мақсади танзими муносибатҳои махсуси соҳаи нафту газ ва аз байн бурдани ихтилофот тибқи қисми 1 лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 1 мафҳумҳои нав, аз қабили конденсати газ, гази табиии моеъ, ҳамчунин талафоти технологӣ, илова шавад.

Мувофиқи талаботи қисми 2-юми лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки дар матни меъёрҳои мушаххаси қонун калимаи «қубурҳои» ва калимаҳои дигари дар асоси решаи ин калима ташаккулёфта ба калимаи «лӯлаҳои» ва ба ин калима мувофиқ иваз карда шавад.

Ба қисмҳои 3 ва 4-уми лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки мутобиқ ба талаботи тағйиру иловаҳои соли 2016 ба Конститутсияи мамлакат воридгардида, аз матни моддаи 2 қонун калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар сархати шашуми моддаи 5 ва матни моддаи 12 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

Бо мақсади мушаххас намудани салоҳияти Ҳукумати мамлакат дар соҳаи нафту газ мутобиқи қисми 5 – уми лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки сархатҳои дуюм ва нуҳуми моддаи 5 қонун дар таҳрири нав ифода карда шаванд.

Бо назардошти рушди муносибатҳо дар соҳаи нафту газ ва ривоҷ ёфтани механизмҳои амалишавии талабот ба соҳа тибқи қисми 6 – уми лоиҳаи қонун мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ аз нав бозбинӣ гардида, мукаммал ва мушаххас карда шуда, моддаи 6 – уми қонун дар таҳрири нав ифода карда шавад.

Бинобар мавриди таҷдид қарор гирифтани муносибатҳо вобаста ба лоиҳакашии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ мувофиқи қисми 7 – уми лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад, ки дар қисми 2-и моддаи 13-и қонуни амалкунанда калимаҳои «мақоми давлатии дахлдор муайян ва» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати кишвар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммал намудани он 30 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз он 17 – то қабул, 4 — то қисман қабул ва 9 таклифу пешниҳод қабул нагардид. Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, онро ба дигар санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ месозанд.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро гузашта, бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул намудани он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дода мешавад. Марҳамат.

Далер ҶУМЪА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафту газ» саривақтӣ мебошад. Қонуни амалкунанда 18 -уми марти соли 2015 қабул шуда, он заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатро дар соҳаи нафту газ муқаррар менамояд. Бо мурури замон ва шароитҳои тағйирёбанда зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун, ба рушди соҳаи нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар ба ҳисоб меравад.

Маълум аст, ки нафт на танҳо манбаи энергия, инчунин манбаи зиёда аз 100 номгӯи маҳсулоти гуногун мебошад. Аз нафт навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, резин, масолеҳи сохтмонӣ, доруворӣ, атриёт ва ғайра истеҳсол мешавад. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли нафт ва истифодаи маҳсулоти нафтӣ аз даврони шӯравӣ ба роҳ монда, то имрӯз 25 кони нафту газдор мавриди истифода қарор дода шудааст. Замони шӯравӣ иқтидори солонаи истихроҷи нафт то ба 400 ҳазор тонна расида буд. Алҳол конҳои нафту газ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд ва истихроҷи он ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки ҳамагӣ 25 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Барои зиёд намудани истихроҷ таъмиру барқароркунии чоҳҳои аз эътибор соқитшуда ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз зарурати бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ба истифода додани майдонҳои нав ба миён омадааст. Дар ин замина, бо кӯшиши вазорат барои ҷалби шарикони хориҷӣ корҳо ҷоннок карда шуда истодаанд. Конҳои нафту газ дар баробари дигар сарватҳои зеризаминӣ моликияти истисноии давлат ба шумор рафта, вобаста ба шартҳои иҷозатнома метавонад ба таври иҷора ба шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ барои истифода дода шавад. Лоиҳаи қонуни мазкур барои истифодаи захираҳои нафту газ ва маҳсулоти он равона шуда, фаъолияти истифодабарандагонро новобаста аз шакли моликияташон, ки дар соҳаи нафт ва газ фаъолият доранд, танзим менамояд.

Умед ба он аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафту газ» дар таҳрири нав барои пешравии соҳа ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистони азиз саҳми босазо хоҳад гузошт. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатся Раҳматзода Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ҷумъазода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Н. Холбойзода, С. Дӯстмуродзода, А. Умарзода ва Р. Раҳматзода пешниҳод гардидааст. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» ва бартараф намудани мухолифату норасоиҳои дохилии меъёрҳои алоҳидаи қонун, инчунин васеъ намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда ва дастгирии давлатии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда мебошад.

Тибқи талаботи қисми 1 — уми лоиҳаи қонун дар назар аст, ки калимаи «бинокорӣ» ба калимаи «шаҳрсозӣ» иваз карда, мафҳуми «бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)» дар таҳрири нав ифода карда шавад.

Бо мақсади таъмини сифати мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи қисми 5 – уми лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад, ки ба моддаи 6 қонун қисми дуюм илова карда шавад. Мувофиқ ба талаботи ин меъёр аз ҷониби фурӯшанда дар шартнома муқаррар кардани шартҳои иловагӣ нисбат ба хусусиятҳои техникии мол, ки истеҳсолкунанда муқаррар кардааст, манъ аст.

Мутобиқ ба талаботи қисми 6 – уми лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки дар бархе аз моддаҳои қонун калимаи «амволи», «амвол» ва «амволӣ» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулки», «молу мулк» ва «молумулкӣ» иваз карда шаванд.

Бо назардошти қисмҳои 9, 10, 12 ва 13 – уми лоиҳаи қонун дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда оид ба муайян намудани андозаи зараре, ки дар натиҷаи маълумоти нопурра ва беэътимод дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, вобаста ба қонеъ нагардидани талаботи истеъмолкунандагон, ки дар ҷараёни муҳлати кафолат бо шартҳои ба камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) алоқаманднабуда пешниҳод шудааст ё зарурати бартараф намудан ё ивази мол, инчунин ташаккул ва пешбурди махзани иттилооти дастрасро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мушаххас шуданд.

Дар маҷмӯъ, ба беш аз 11 моддаи қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда доранд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати мамлакат ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 61 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз ин миқдор 35 — то қабул, 8 – то қисман қабул ва 18 таклифу пешниҳод қабул нагардид. Бо ворид намудани таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал гардида, ба дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мутобиқ шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин дода мешавад. Марҳамат.

Абдулмаҷид МУМИНЗОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» барои мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин васеъ намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда ва дастгирии давлатии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда таҳия шудааст.

Дар шароити имрӯза яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташкили шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар хадамот телефонҳои боварӣ ташкил шудааст, ки тавассути он ҳар як истеъмолкунанда вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи худ метавонад бо кормандони хадамот дар тамос шавад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ - «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимӣ Файзулло ва Ахмедов Мирзоанвар бо мақсади такмили асосҳо ва механизмҳои муқаррарнамудаи ҳуқуқи истифодаи замин, вобаста ба меъёрҳои муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

То мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар китоби бақайдгирии замин ба қайди давлатӣ гирифта мешуд. Пас аз мавриди амал қарор гирифтан, тибқи талаботи моддаи 8 ҳамин қонун ва моддаи 139 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он вобаста дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, тасдиқи анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ мутобиқи моддаи 38 – уми қонуни мазкур бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар ин асно, дар асоси қисми 1 моддаи 1- уми лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлати молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар зербанди а) қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин» ба калимаҳои «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» иваз карда шаванд. Тибқи талаботи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 1 – уми лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ба қисми якуми моддаи 27 калимаҳои «зарур аст» ба калимаҳои «дар доираи меъёрҳои муқарраргардида» ва калимаи «ҳудуди» ба калимаҳои «меъёрҳои муқарраргардидаи» иваз шаванд.

Бо мақсади возеҳ намудани тартиби қатъ гардонидани ҳуқуқҳои истифодаи қитъаҳои замини истифоданашуда ба қисми чоруми моддаи 27 – уми кодекс пешниҳод мешавад, ки дар ин маврид тартиби пешбининамудаи моддаҳои 37ва 39 – уми Кодекси мазкур татбиқ гардад.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – уми майи соли 2022 таҳти № 1657 лоиҳаи қонун барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Он расмиёти дохилиро гузашта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 24 таклиф пешниҳод шуда, аз он 13 — то қабул, 8 — то қисман қабул ва 3 таклиф қабул нагардид.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дода мешавад.

Рустам РАҲМАТЗОДА: — Пас аз қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба шаҳрвандон дода шудааст, иваз мешавад ё бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ баробарарзиш эътироф шудааст?

Файзулло ҚОСИМӢ: - Сертификатҳое, ки то ин вақт гирифта шудааст, арзишашонро гум намекунанд, зеро қонун қувваи бозгашт надорад. Ҳангоми зарурат метавон онҳоро бо шаҳодатнома иваз кард.

РАИС: - Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дода мешавад. Марҳамат.

Ориф ХОҶАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳод гардидани тағйирот ба қисми аввали моддаи 17 ва иловаҳо ба ҷумлаҳои якуму дуюми қисми аввал, инчунин ба қисми чоруми моддаи 27-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадаф аз он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар мутобиқ наму­дани кодекси мазкур ва такмили он мебошад, яке аз икдоми беҳтарини вакилони мардумӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина дар моддаи 15 – уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» амалӣ мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 38-и Қонуни Ҷумқурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», тасдиқи бақайдгирии давлатӣ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарурати ворид намудани тағйиру илова ба моддаи 17-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, дар сурати қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷойи «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин», ки айни ҳол дар Кодекси замин зикр шудааст, минбаъд «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» муқаррар мешавад.

Инчунин, ворид шудани тағйиру иловаҳо, аз ҷумла мафҳуми «дар доираи меъёрҳои муқарраргардида» ва иваз шудани калимаи «ҳудуди» ба калимаҳои «меъёрҳои муқарраргардидаи» ба моддаи 27-и Кодекси замин барои боз ҳам мукаммал гардидани кодекс мусоидат мекунад.

Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштирокатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ