Эй дар вуҷуди миллат рӯҳи дигар дамида,
Дар шоми тирарӯяш нури саҳар дамида.
Бо партави бақоят, бо фазли раҳкушоят
Боғу баҳори миллат сарсабзу тар дамида.
Дар чор сӯи дунё боло, ҳамеша боло,
Нахли ливои кишвар гулгунсамар дамида.
Дар ҷанги пурмуаммо печида буд ин мулк,
Бепову сар фитода, хун аз ҷигар дамида.
Эй Ту наҷоти ҷонҳо, шаҳмарди ормонҳо,
Шукри Худо, расидӣ, пайки зафар дамида.
Имрӯз Тоҷикистон ҷоми ҷаҳоннамо шуд,
Ҳар ҷо шарофати Ту анвору фар дамида.
Имрӯзи мо Ту ҳастӣ, фардои мо Ту бошӣ,
Эй дар ҳаёти миллат шамсу қамар дамида.
Хайринисо Юсуфӣ