Ё асрори муваффақият ва низоми босамари қонунгузорӣ дар давраи нави рушди Тоҷикистон
Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 бо иштирок ва суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат нахуст аъзо ва роҳбарияти нави Маҷлиси миллиро шодбош гуфта, дар назди онҳо вобаста ба таъмини рушди минбаъдаи мақомоти қонунгузору намояндагӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа ва руши парламентаризм дар кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Пешвои миллат аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд. Онҳо бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд».
Илова бар ин, Пешвои миллат ба аъзои Маҷлиси миллӣ доир ба ҳамкориҳои густурда бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон дастур дода таъкид намуданд, ки тавассути чунин ҳамкориҳо қонунҳо баррасӣ, таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки «қонунҳо, ҳамчунин, бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд».
Бо ҳамин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум фаъолиятро шурӯъ намуд, ки аз он замон 5 сол сипарӣ мешавад ва тамоми ин давра аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафарбар намудани неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа фаъолияти густурда ва пурсамар доштанд.
Аз нахустин рӯзи фаъолият Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид менамуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки онҳо ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ пайваста бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монданд ва натиҷа он шуд, ки дар ин муддат қонунҳо санҷидаву таҳия ва қабул гардиданд, ки онҳо ба рушди тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамуданд.
Қонунҳои дар ин давра аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷонибдоригардида, ки бо назардошти стратегияю барномаҳо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ, пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардиданд, имрӯз ҳамчун намуна аз ҷониби кишварҳои алоҳида, ниҳодҳои байналмилалӣ ва марказҳои коршиносӣ мавриди омӯзиш қарор доранд.
Таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ палатаи болоии парлумони кишвар — Маҷлиси миллӣ ба марҳалаи наву муҳими ислоҳоти қонунгузорӣ ворид гардид, зеро Раиси ҷавону дурандеши Маҷлиси миллӣ ҷиҳати рушд ва такмили низоми қонунгузории муосир ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешиданд. Иқдоми созандаашон дар баробари тақвияти низоми қонунгузорӣ, ба таъмини шаффофият ва ҷалби мақомоти дахлдор дар раванди қонунсозӣ низ равона шуданд.
Фалсафаи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ метавонад ба ду маҳфуми калидӣ тавсиф шавад: шаффофият ва иштирок, зеро андешаашон бар он аст, ки ҳар як мақомоти дахлдори давлатӣ бояд имконияти баёни ақида ва иштирок дар равандҳои қонунгузориро дошта бошад, ки ин дидгоҳ ба тақвияти иштирок ва афзоиши эътимод ба мақомот кумаки зиёд карда истодааст. Фаъолияти роҳбариашон дар ин давра собит намуд, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарки амиқ ба масъалаҳои милливу байналмилалӣ пайваста мавқеи олии роҳбариро нишон медиҳанд ва дар пешбурди ислоҳоти ҳамаҷониба пешсафанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди парламентаризм дар Тоҷикистон нақши муҳим доранд, бо интихоб шуданашон ба раёсати Маҷлиси миллӣ дар таҳкими низоми парламентӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар кишвар саҳми назаррас гузоштанд. Бо ташаббуси худ дар роҳи таҳияи қонунҳои муҳиме, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, фаъол мебошанд. Қонунҳое, ки бевосита бо ташаббуси ӯ таҳия ва қабул гардиданд, шароитро барои шаффофияти бештар дар идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ фароҳам меоранд. Дар ин замина, кӯшиш карданд, то фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат кунанд, ки ин ба беҳбуди амалии парламент, тақвияти назорат ва афзоиши шаффофияти ҷаласаҳо мусоидат намуданд.
Дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли панҷ соли фаъолият пурмаҳсул кор карда, дар ҷодаи таҳкими пояҳои ҳуқуқии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқии рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардум ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар фаъолияти панҷсолаи пурмаҳсули палатаи болоии парламенти кишвар барои аъзои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2020, №55, тасдиқ шуда, воқеан, дастури кор ва барномаи амал ба ҳисоб меравад, зеро ин санади муҳим нуктаҳои асосии нишондоду тавсияҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 баён карда буданд, дар бар мегирад.
Дар давраи фаъолият аъзои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи асосӣ ва имконияти мақоми олии қонунгузорро ба рушди низоми мазкур, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа равона намуда, ба ин кор тамоми неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худро сафарбар карданд. Аъзои Маҷлиси миллӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро самаранок ба роҳ монда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба пешрафту таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёд, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, таъмини волоияти қонун ва танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, талош варзиданд.
Дар ин радиф, мавриди зикри хос аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, дар таърихи қонунгузории миллӣ таҷрибаи нав ба ҳисоб меравад. Дар як муддати кӯтоҳ ҷомеа, бахусус қишри ҷавони мамлакат, пуштибонии худро аз қонуни мазкур изҳор намуда, баҳри татбиқи амалии он мақомоти масъули давлатӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуданд.
Гузашта аз ин, мазмун ва мундариҷаи қонуни зикршуда, ки заминаҳои ҳуқуқии мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, инчунин, тақвият додани масъулияти ҳар як шаҳрванд, бахусус, ҷавононро дар назди Ватан муайян менамояд, аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба яке аз мавзуъҳои мубрами дифои рисолаҳои илмӣ табдил ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2020-2024 тавассути раёсати оқилонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бесобиқа рушду тавсеа ёфтанд. Нахустин сафарҳои расмии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин, ба кишварҳои дӯсту ҳамҷавори Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар сатҳи баланди ташрифотию тадорукотӣ сурат гирифтанд, на танҳо ба баланд гардидани нуфузу мавқеи кишвар ва парламенти мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд, балки ҷиҳати тавсеа ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байни кишварҳоямон такони ҷиддӣ бахшиданд.
Силсилаи сафарҳои кории муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои минтақа, иштироки ҳайати парламентии Тоҷикистон ва суханрониҳояшон зимни ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ифодагари намояндагӣ ва муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ ва манфиатҳои миллӣ дар баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардида, дар тақвияти минбаъдаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушду тавсеаи муколамаи парламентӣ, таҳкими ҳамкориҳо баҳри суботу амнияти минтақа ва густариши равобити судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нақши арзишманд дорад.
Бо изҳори ирода ва саъю талоши муштараки ҷонибҳо дар ин давра сатҳи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бо палатаҳои болоии парламентҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон, мақомоти қонунгузор ва намояндагии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба сатҳи комиссияҳои доимӣ баланд бардошта шуда, боз ҳам тақвият ёфтанд.
Баргузории конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои наҷибу назарраси парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи фаъолияти он ба ҳисоб рафта, барои арҷгузорию тарғиби дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, муколамаи ҳуқуқӣ ва муаррифии шоёни нақши парламентаризми миллӣ дар рушди қонунгузории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо ифтихори хоса зикр менамоем, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар давраи фаъолияти даъвати шашум Маҷлиси Олӣ — парламенти кишвари соҳибистиқлоламон соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, ки аз лиҳози меъморӣ камназир аст.
Изҳори умед дорем, ки ин муваффақиятҳои муҳиму арзишманд, ки таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи меҳнати аҳлона ва дастҷамъонаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба даст омадааст, барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ ва таъмини пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвари азизамон — Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар панҷ соли сипаригардида 10 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон доир шуда, дар онҳо 132 қарори якҷоя қабул гардид. Дар ин давра 24 ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ ва 20 Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баргузор гардида, дар ҷараёни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ, дар маҷмуъ, 20 қонуни конститутсионӣ, 4 кодекс ва 415 қонуне, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва ба Маҷлиси миллӣ манзур карда шуданд, ҷонибдорӣ гардиданд. Аз онҳо 51 санади қонунӣ дар шакли мукаммал мебошад.
Дар ин давра аъзои Маҷлиси миллӣ 52 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олӣ, бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодӣ ва 21 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудӣ баррасӣ карда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд ва зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаҳои шуро ва иҷлосияҳо, пас аз таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи вазъи воқеӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди ҳаёти ҷомеа, ба кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва мақомоти давлатӣ, дар маҷмуъ, 45 супориши протоколӣ манзур гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ санадҳо ва супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла муқаррароти нақшаи амалро сармашқи кори худ қарор дода, барои иҷрои самарабахши онҳо чораҳои дахлдор андешиданд. Аз ибтидои фаъолият, шурӯъ аз соли 2020, бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардида, дар ин давра ҷиҳати таъмини риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва ҷонибдорӣ карда шуд.
Инчунин, бо мақсади такмили фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо Дастури Маҷлиси миллӣ ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар таҳрири нав, Низомномаи «Ифтихорнома»-и Маҷлиси миллӣ, Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ қабул гардида, дар назди Маҷлиси миллӣ Шурои илмию машваратӣ таъсис дода шуд.
Дар ин давра бо мақсади таҳкими фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми кории Маҷлиси миллӣ қоидаҳои пешбурди сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ, тартиби тайёр кардан ва навкунии маводи иттилоотӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда шуда, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ ба Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Бо ҳамин роҳбарии оқилона ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият аъзои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро самаранок ба роҳ монда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба пешрафту таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа, расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, таъмини волоияти қонун ва танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, талош варзиданд ва дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон, дар маҷмуъ, 12 қонуни конститутсионӣ ва 99 қонун таҳия ва пешниҳод шуданд, ки аксари онҳо қабул гардиданд.
Бо баёни ҳисоботи мухтасар аз фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар панҷ соли сипаригардида метавон хулоса намуд, ки дар ин давра аъзои Маҷлиси миллӣ дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 баён намуданд ва таъкид доштанд, ки «бовар дорам, ки Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва неруи худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред», содиқона иҷро намуданд ва саҳми арзандаи худро дар рушди қонунгузории кишвар гузоштанд.
Ҳамин тавр, дар ин давра роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, махсусан Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор масъулияти даҳчанд нишон доданд ва бо қобилияти баланди кордониву ташкилотчигӣ, донишу малакаи волои роҳбарӣ бо ҷонибдории қонунҳо тавонистанд низоми муваффақи қонунгузориро ба роҳ монанд ва дар рушди муваффақонаи кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон