Шарҳи нуктаҳои Паём дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ

№18 (4280) 09.02.2021

Зимни баргузории чорабинӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони он панҷуми феврали соли равон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки новобаста ба паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Давлату Ҳукумат иқтисодиёти кишвар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар умум, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ чорабиниҳои судманд амалӣ гардида, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.

Дар қатори дигар иқдому ташаббусҳои созанда Пешвои миллат бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимон, нафақахӯрону маъюбон, кишоварзон, дар маҷмӯъ беҳтар намудани некуаҳволии сокинони кишвар дастур доданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум 50 фоиз баланд бардошта шуда, дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе барои ятимони кулл се мактаб – интернати президентӣ бунёд карда шавад. Инчунин, кишоварзони мамлакат соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин пурра озод карда шуданд. Ин имтиёзу дастгириҳои навбатии Сарвари давлат боиси хушҳолии сокинони мамлакат гардид.

Зимнан, дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки аз Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳм гузоранд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ