Шарҳи паёми Президенти мамлакат дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон

№8 (4428) 08.01.2022

Панҷуми январи соли 2022 бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар — машварат баргузор гардид. Онро роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ифтитоҳ кард.

Сипас, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода роҷеъ ба аҳамияти Паёми Президент баромад намуда, нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки дар Паём масъалаҳои ҳуқуқӣ мушаххас баррасӣ гардида, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ шудааст.

- Дар раванди сиёсати башардӯстона бо Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид, — иброз дошт Абдуқодир Комилзода ва афзуд, ки ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти ­асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.

 Зикр шуд, ки Пешвои миллат ба ­масъалаи таълиму тарбия дар донишгоҳҳо, касбомӯзии ҷавонон, ташкили ҷойҳои кор ва ҷобаҷогузории кадрҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Турахонов ба ин нукта ишора карда, аз рақамҳои дар Паём овардашуда ёдовар шуд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, соли таҳсили 2021 шумораи онҳо беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷиро ташкил менамояд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯи мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фирис­тода мешаванд».

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18 — сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Тибқи ин дастур, дар панҷ соли оянда миллион нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд соҳибкасб гардонида шаванд, — иброз намуд Файзалӣ Турахонов.

Маърӯзаи мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Дилором Орифова ба масъалаҳои рушди иқтисодиёт, татбиқи сиёсати молиявӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат бахшида шуд, ки аз ҷумлаи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба ҳисоб меравад. Вай дар робита қайд кард, ки Пешвои миллат бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022 — 2026, яъне то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода дар мавзӯи «Моҳияти сиёсиву ҳуқуқии Паёми Президент ба парламент» баромад намуд. Бино ба қавли ӯ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ — ҳуқуқӣ дар рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат саҳми бузург дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шак­ли идо­раи давлат ҷумҳурии президентӣ му­қар­рар гардида, дар боби 4 — уми он вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Тибқи он, танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳуқуқи бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохи­лӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси мил­лӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кардан муносиб дониста шудааст. Ӯ Паёми Президенти мамлакатро дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон падидаи нави даврони истиқлолият арзёбӣ кард.

Фирӯз Сайнозимзода дар фарҷом иброз дошт, ки намояндагони қишрҳои ҷомеа ҳар сол Паёми Президенти мамла­катро, аз тариқи воситаҳои ахбори омма тамошо карда, дар татбиқи муқаррароти он саҳм мегузоранд, чунки ба хубӣ дарк менамоянд, ки ҳар як Паём онҳоро ба фардои дурахшон наздиктар месозад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»