Сию якуми майи соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуи «Шарҳи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини якуми роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манижа Расулзода дар оғози ҳамоиш иброз намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қонуни муҳим ва марказӣ дар шинохти фазои ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур мутобиқ ба муқаррароти қисми 1 моддаи 1 муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян намудааст.
Муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидҷон Аслонов дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муфассал маълумот дода, зикр намуд, ки қонуни мазкур тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба шакл даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохтори таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои мукаммал намудани қонун, қисмҳои таркибии меъёрҳо ва тартиби гузаштан аз расмиёти ҳуқуқии қонунҳо ва санадҳои зерқонуниро муайян намудааст.
- Дар бисёр кишварҳо ин қонунро «Қонуни қонунҳо» ном мебаранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 4 маротиба, аз ҷумла бори аввал 13 ноябри соли 1998, таҳти №698 қабул гардид, ки он аз 8 боб ва 54 модда иборат буд. Солҳои 2003, 2009 ва 30 майи соли 2017 бо мақсади такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки ҳоло ин қонун аз 12 боб ва 96 модда иборат мебошад,- афзуд номбурда.
Тавре мавсуф гуфт, моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки масъалаҳои умумии таҳияи лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқиро ба танзим даровардааст, барои таҳияи лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ имкониятҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд. Тибқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 ин модда, дар навбати аввал, лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда таҳия карда мешавад.
- Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи тавре дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд, -иброз намуд Воҳидҷон Аслонов.
Таъкид гардид, ки дар мавриди тайёр шудани якчанд лоиҳаи алтернативӣ субъекти ҳуқуқэҷодкунанда имконият дорад беҳтарини онро интихоб намояд ё аз ҳар як лоиҳа қисмҳои беҳтаринро интихоб намуда, лоиҳаи нав таҳия намояд. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ баъди аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда таҳия гардидан ва мувофиқа намудани он тибқи тартиби дар моддаи 62 қонуни мазкур муқарраргардида барои баррасии минбаъда ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандае, ки ҳуқуқи қабули ин санади меъёрии ҳуқуқиро дорад, пешниҳод мешавад.
Мутобиқи моддаи 66 қонуни мазкур манбаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ