Дар арафаи Рӯзи иқтисодчиён — 8 апрел хабарнигорамон бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, профессор Шариф Раҳимзода ҳамсуҳбат шуд.
- Вазъи имрӯзаи иқтисодии мамлакатро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Аввалан, иқтисодчиёнро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, таманно дорам, ки ободу сарбаланд ва дар рушди кишвар саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳонишавӣ ва воридшавии кишварҳо ба ин раванд иқтисодиёти дилхоҳ мамлакат на танҳо аз самаранокии сиёсати иқтисодии он, балки аз вазъи сиёсии минтақаю иқтисодиёти кишварҳои шарики иқтисодию тиҷоратӣ низ вобаста аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари рушди тиҷорат бо кишварҳои дуру наздик ва узв шудан ба созмонҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии савдо, уҳдадориҳои муайян оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба уҳда гирифтааст. Бинобар ин, тағйири вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, хусусан кишварҳои шарики тиҷоратӣ, хоҳ-нохоҳ ба вазъи иқтисодиёти мо таъсир расонидааст.
Вобаста ба вазъи ногувори иқтисодиёти Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, мушкилиҳо дар транзити нақлиёту мол ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва поён рафтани арзиши маҳсулоти содиротии мо дар бозор, инчунин поён рафтани қурби пули миллии кишварҳои номбаршуда, интиқоли маблағ хеле кам шуд. Ин амал боиси коҳиши даромадҳои пулии аҳолию мутаносибан камшавии ҳаҷми хизматрасонию савдо ва воридоти молу маҳсулот ба кишвар гардидааст.
Гарчанде рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба соли 2015-ум 0,9 банди фоизӣ зиёд аст, вале он аз нишондиҳандаи дурнамо барои соли 2016 камтар буда, асосан аз ҳисоби ташкили корхонаҳои наву аз ин ҳисоб зиёд шудани истеҳсоли мол ва рушди соҳаи сохтмон таъмин гардидааст. Дар соли 2016 рушди маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 16 фоиз ва сармоягузорӣ 20,3 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра қисме аз корхонаҳо аз кор монда, ҷойҳои корӣ кам шуданд. Бояд қайд намуд, ки сатҳи рушди ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки омори худро нашр кардаанд, хеле баланд аст. ММД-и қисме аз ин кишварҳо, ба монанди Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Россия дар соли 2016 то ба 3,8; 2,6 ва 0,2 фоиз коҳиш ёфт. Кишварҳои дигари аъзои ИДМ бошанд, рушди ММД-ашонро аз 0,4 фоиз (Украина) то 3,8 фоиз (Қирғизистон) таъмин намуданд. Сатҳи таваррум низ дар кишвари мо он қадар баланд нест. Агар он соли 2016 дар Тоҷикистон ба 6,1 фоиз баробар бошад, дар Озарбойҷон — 15,7, Украина — 12,4, Беларус — 10,6 ва Қазоқистон 8,5 фоизро ташкил намуд.
Қурби пули миллӣ дар ин давра нисбатан устувор буд. Гарчанде он аз сатҳи тағйирёбии қурби пулҳои кишварҳои аъзои ИДМ нисбат ба доллари ИМА фарқ мекунад, вале бояд ба инобат гирифт, ки ин кишварҳо шурӯъ аз соли 2014 то аввали соли 2016 қурби пули худро то 153 фоиз (Федератсияи Россия), 149 (Қазоқистон) ва 120 фоиз (Озарбойҷон) поён бурданд ва ҳоло, ки вазъи иқтисодиёташон хубтар ва вобастагии қурбӣ аз нархи нафт камтар шудааст, қурби пул боз тамоюли болоравӣ дорад. Масалан, қурби рубли Россия аз охири январи соли 2016 зиёда аз 20 фоиз боло рафт.
Ҳамин тариқ, вазъи иқтисодиёти Тоҷикистонро дар муқоиса ба вазъи иқтисодиёти кишварҳои ИДМ, ки аксар шарикони иқтисодию тиҷоратии кишварамон мебошанд, муътадил арзёбӣ намудан мумкин аст.
- Пас барои рушди иқтисодиёти кишвар чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем?
- Аввалан, барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт моро зарур аст, ки сиёсати иқтисодии ба талаботи замон мутобиқро пеша кунем. Мақсади асосии сиёсати иқтисодӣ таъмини рушди иқтисодиёт, тавозуни рушди соҳаҳо, шуғли аҳолӣ (нигаҳдошти ҷойҳои кории мавҷуда ва зиёд кардани шумораи онҳо аз ҳисоби иқтидорҳои нав) ва барзиёдии содирот аз воридот мебошад.
Вазифаҳои дигар, ба монанди таъмини устувории қурби пули миллӣ, иҷрои нақшаи даромади буҷет бо роҳҳои мушкилкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, зиёд кардани санҷишу ҷаримабандӣ, баланд бардоштани тарифҳои гумрукӣ ва ғайра дуюмдараҷа мебошанд. Аслан, чунин чорабиниҳо бояд дар давраи муътадилии иқтисодиёт, иҷрои барзиёди буҷет ва уҳдадориҳои он, устувории қурби пулу дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои қарзӣ амалӣ шаванд. Дар ин сурат боис ба интиқоли сармоя ба хориҷи кишвар, аз фаъолият бозмондани коргоҳҳо, кам шудани ҷойҳои корӣ ва амалҳои дигари ба рушди иқтисодиёт таъсиррасон намегарданд.
Зарур аст, ки барои татбиқи стратегияю барномаҳои соҳа, хусусан истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, чораҳои аввалиндараҷа андешида шавад. Тавсеаи истеҳсоли семент, ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои истеҳсолӣ, нашри китобҳои дарсӣ дар дохили кишвар, гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва чанд амали дигар нишон дод, ки чунин раванд метавонад боиси зиёдшавии ММД, ташкили ҷойҳои корӣ, расидан ба амнияти энергетикӣ ва ғановати Буҷети давлатӣ гардад.
Тавре аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, дар солҳои наздик шумораи маҳсулоти воридотивазкунанда бояд на кам аз 20 ададро ташкил намоянд.
Дар шароити рушди босуръати илму техника, рақобати байни кишварҳо барои роҳёбӣ ба бозори ҷаҳонӣ шиддат гирифта истодааст. Рушди технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи роботҳо, воситаҳои нақлиётии бесарнишин, нанотехнологияҳо, биотехноголияҳо, ҷамъоварию нигаҳдории энергия ва ғайра боиси аз байн рафтани баъзе аз соҳаҳо мегарданд. Масалан, баробари истифодаи телефонҳои мобилӣ суратгирию наворгирӣ ва хизматрасонии почта рӯ ба таназзул ниҳоданд.
Дар қисме аз кишварҳо шумораи роботҳои дар истеҳсолоту хизматрасонӣ истифодашаванда рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Масалан, дар Кореяи Ҷанубӣ ба 10 ҳазор коргар 478 ва Япония 314 робот рост меояд. Истифодаи онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва Россия низ зиёд шуда истодааст. Бояд ба инобат гирифт, ки баробари зиёд шудани истифодаи онҳо дар ин кишварҳо имконияти ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти мо камтар мешавад, зеро арзиши аслии молҳои бо ҷалби роботҳо истеҳсолшуда камтар аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар ҳама самт ба истеҳсоли маҳсулоти босифат гузарем ва аз ҳоло мутахассисони заруриро омода намоем.
- Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакат қонунҳои зиёде қабул гардиданд…
- Дар даъвати кунунӣ ба кумитаи мо 89 санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид шуд, ки дар муҳлати муайяншуда баррасӣ ва ба ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Қонунҳое, ки аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, баҳри такмил додани раванди қонунгузории кишвар, таъмини суботу пешрафт ва рушди иқтисодиёти мамлакат равона гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2017, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи сармоягузорӣ» барои тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ мусоидат хоҳанд кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» низ аҳамияти калон дорад. Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро бо роҳи сари вақту бехатар гузаронидани пардохтҳо таъмин карда, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорон ва ҷалби бештари маблағ ба Буҷети давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул шуд.
Яке аз санадҳои муҳиме, ки соҳаҳои хоҷагии халқро фаро мегирад, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки ҳадафи ниҳоии он дар 15 соли оянда муҳайё намудани зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»