Бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии ҷавонон, пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ барои пурра нишон додани неруи зеҳнӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовори онҳо дар ҷомеа чанде пеш 32 нафар аз ин қишри ояндасоз бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Бо онҳо сардори раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Камол Қурбонийон оид ба фаъолияти парлумон, аз ҷумла дар бораи ваколатҳои палатаи поёнӣ, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти вакилон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, инчунин, хусусияти фаъолияти парлумон, иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки гузориш аз иҷлосияҳо, соатҳои парлумонӣ, муҳокимаҳои парлумонӣ ва семинару конфронсҳо муфассал дар рӯзномаи «Садои мардум» ва сомонаи Маҷлиси намояндагон нашр мешавад.
Номбурда ёдовар шуд, ки осорхонаи Маҷлиси намояндагон соли 1997 таъсис ёфта, дар он беш аз 360 экспонат нигоҳдорӣ мешавад. Фонди умумии китобхона зиёда аз 17 000 нусха адабиёти гуногунсоҳаро дар бар мегирад. Дар китобхона, ҳамчунин, рӯзномаҳои ватанию хориҷиро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ метавон дастрас кард.
Айни замон дар китобхона барномаи «ИРБИС» ҷорӣ гардида, 1625 номгӯй китоб ба он ворид шудааст. Оянда шакли электронии адабиёти зарурӣ дастраси хонандагон мегардад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Бибиосия Айюбӣ ба саволҳои ҷавонон посух дода, зикр намуданд, ки ҳоло дар Маҷлиси намояндагон 16 зан ҳамчун вакил фаъолият мекунанд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, се раис ва чор муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон бонувонанд. Теъдоди вакилон аз ҳисоби бонувон рӯ ба афзоиш аст.
Иштирокчиён бо рафти кори кумита, комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи он низ шинос шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ,
«Садои мардум»