Дуюми ноябри соли равон бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон дидан намуданд.
Зимни суҳбат бо онҳо вакилони Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода, Баҳром Абдуалимов, Насиба Содиқова, Ҷӯрахон Маҷидзода, Қиёмиддин Миралиён ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии ҷумҳурӣ ва тартиби таҳия ва қабули қонунҳо маълумот доданд.
Ҷавонон, ҳамчунин аз толорҳои баргузории ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллию Маҷлиси намояндагон ва китобхонаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дидан намуданд.
Узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода изҳор дошт, ки иқдоми роҳандозишуда дар доираи нақша — чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, мақсад аз он баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон мебошад.
Дар анҷом вакилони Маҷлиси намояндагон ба пурсишҳои ҷавонон посух гуфтанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»