25-уми июли соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров шинос шуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил дода, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо кӯчаи Шерализода сохта ба истифода дода мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастандаркорон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур доданд.
Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Татбиқи чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имкониятҳои васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.
Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.
Дар ин рӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, тибқи лоиҳа аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мебошад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин, дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, нимтолорҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.
Аснои шиносоӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мутахассисон ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳо дода, иброз намуданд, ки Театри миллии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва зеботарин иншооти ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
«Садои мардум»